Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчун ҷаҳонишавии тиҷорат ва рушди ТНК, зарурати банақшагирии дарозмуддат ва идоракунӣ заминаи муҳими рушди менеҷменти стратегӣ мебошанд.

  1. Олимон одатан чор давраи барқароршавии менеҷменти стратегиро ҳамчун соҳаи мустақили тадқиқот ва идоракунии таҷриба ҷудо менамоянд:
  • буҷакунонӣ ва назорат;
  • банақшагирии дарозмуддат;
  • банақшагирии стратегӣ;
  1. Мактабҳои стратегиро вобаста аз принсипҳои ташаккули стратегия тасниф кардан мумкин аст. Мақсади чунин таснифот ҷудо намудани гурӯҳҳои фарқкунанда бо хусусиятҳои худи стратегия ва муносибат ба раванди ташкилшавӣ ва татбиқи стратегия мебошад. Г.Минсберг ва ҳамкорони ӯ мактабҳои зерини стратегӣ: банду баст, банақшагирӣ, мавқеъгирӣ, соҳибкорӣ, мактаби когнитивӣ, мактаби омӯзиш, шакл, ҳокимият ва муҳити берунаро дида баромаданд.

  2. Гурӯҳи аввал мактабҳоеро муттаҳид менамояд, ки хусусияти тасвирии раванди ташкили стратегияро доранд. Ба ақидаи тарафдорони он, раванди ташаккули стратегия бояд хусусияти меъёрӣ ва ҳатмиро дошта бошад. Гурӯҳи дуюм мактабҳоеро муттаҳид мекунанд, ки ҷиҳатҳои махсуси раванди ташаккули стратегияро дида мебароянд. Гурӯҳи сеюм мактабҳоеро муттаҳид месозанд, ки ба раванди ташаккули стратегия муносибатҳои гуногун доранд.

2.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Зери мафҳуми стратегия одатан чӣ ифода меёбад?
  2. Фарқият ва вобастагии стратегия ва тактика дар чист?
  3. Менеҷменти стратегӣ кай ҳамчун илми мустақил ташаккул ёфт?
  4. Давраҳои банақшагирии стратегӣ кадомҳоянд?
  5. Норасоиҳои банақшагирии дарозмуддатро номбар намоед.
  6. Бартариҳои идоракунии стратегии ташкилот дар чӣ зоҳир мешаванд?
  7. Мактаби шаклҳо аз кадом мавқеъ ташаккули стратегияро дида мебарояд?
  8. Алоқаи шакл ва тағйирот дар чӣ ифода меёбад?
  9. Кадом масъалаҳоро мактаби шакл ҳал менамояд? Фарқият ва норасоиҳои он дар чӣ ифода меёбанд?
  10. Моҳияти асосии стратегияи тағйирот дар чӣ зоҳир мегардад?
пешина
аз 469
навбатӣ