Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

7 Мактаби ҳокимият Раванди гузарони- Тасвири равандҳои аслии
дани гуфтушунид коркарди он

8 Мактаби таҳаввулот Раванди
коллективӣ

9 Мактаби муҳити Раванди реактивӣ
атроф

10 Мактаби конфигу- Раванди Баррасии стратегияҳо,
ратсия шаклдигаркунӣ сохтор ва муҳити атрофи
ташкилот дар давраҳои гуногуни ҳаёт ва гузариш аз
як муҳит ба муҳити дигар

Мактабҳои дастурдиҳии банақшагирии стратегӣ

  1. Стратегия ҳамчун «модели калон». Ӯ инро мактаби «моделҳо» номидааст ва бар он ақидааст, ки «стратегияи калон» дар натиҷаи раванди тафаккури бошуурона ва амиқ ба даст меояд. Мақсад ва вазифаҳои ҷорӣ вобаста ба SWOT-таҳлил (қувваҳо, заифӣ, имконият ва таҳдидҳо) гузаронида шуда, баъдан алтернативаҳои стратегӣ муайян карда мешаванд. Сипас, ин алтернативаҳо баҳо дода шуда, бо назардошти арзишҳои роҳбарияти олӣ ва талабот ба масъулияти иҷтимоӣ, стратегияи ягонаи «беҳтарин»
    интихоб карда мешаванд. Директори генералӣ на танҳо равандро назорат мекунад, балки стратегияро «таҳия мекунад». Дар ин модел натиҷаи ниҳоӣ барои ташкилоти мушаххас беназир буда, дар шакли стратегияи мукаммал пайдо мегардад.

Мактаби «модели калон» мавқеи устувори роҳбарияти олиро дар раванди идоракунии стратегӣ пешбинӣ мекунад. Вай танзимкунандаи (ва ё баҳодиҳанда) ақидаҳост. Мутахассисон дар ҳама давраи раванди стратегӣ барои кӯмак расонидан ба роҳбарияти олӣ даъват карда мешаванд. Аксаран вариантҳои алтернативии стратегия бетаваҷҷуҳ мемонанд. Онҳо тамоман пешбинӣ нашудаанд ва ё бодиққат чун «модели калон» коркард нагардидаанд. Барои стратегияҳои алтернативӣ қувва ва ё вақти роҳбарияти олӣ намерасад, чунки онҳо ба татбиқи барномаи асосии стратегӣ равона мешаванд. Чунин варианти идоракунии стратегӣ «варианти рушди ғайрирасмии гуногунии фаъолияти стратегӣ» номида мешавад. Роҳбар тамоми стратегияро дар фикраш нигоҳ намедорад ва бо кӯмаки мутахассисон дарки ин ақидаҳои стратегиро ҳатмӣ медонад.

  1. Стратегия ҳамчун «нақша». Дар ин ҷо ташаккули стратегия қисми
    ҷудонашавандаи раванди банақшагирӣ мебошад. Бинобар ин раванди
    ташаккулёфтаи самаранок мебошад, ба қадамҳои мушаххас ҷудо мегар-
пешина
аз 469
навбатӣ