Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 2. ТАҲАВВУЛОТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

  1. усулҳои нави ҳалли масъалаҳои стратегии рушди ташкилот, ки дар бизнес-таҷрибаи McKinsey& Co, BCG ва дигар ширкатҳои пешрафтаи машваратӣ пешниҳод ва татбиқ карда шуданд.

Аз соли 1972 сар карда, менеҷменти стратегӣ дар General Electric, IBM, Coca-Cola ва як қатор ширкатҳои пешрафтаи амрикой истифода бурда мешуд.

Дар соли 1973 дар штати Нэшвилли ИМА Конфронси якуми байналмилалӣ доир ба менеҷменти стратегӣ, ки таърихи расмии тавлиди менеҷменти стратегӣ ва соли гузариши ба нақшагирии стратегӣ ба идоракунии стратегӣ ба шумор меравад, баргузор гардид. Ба нақшагирии стратегӣ маҷмӯи муносибатҳоро нисбат ба масъалаҳое таъмин менамояд, ки дар замони ҳозира бештар паҳн шудаанд.

Шабоҳати ба нақшагирии стратегӣ ва менеҷменти стратегӣ ба омӯзиши тағйироти муҳити берунаи ташкилот асоснок мешавад. Аммо ин муносибат ба дарки муҳит ҳамчун омили маҳдудкунандаи раванди ба нақшагирии ташкилӣ роҳандозӣ нагардида, возеҳу равшан муқаррар намудани мақсадҳои муайян ва роҳҳои расидан ба ин мақсадҳоро тавассути истифодаи имкониятҳои устувори ташкилот ва имкониятҳои мусоиди муҳит, ҷуброни омилҳои тарафи заифи фаъолияти ташкилот ва усулҳои бартараф намудани хатарҳоро пешбинӣ менамояд.

Хусусиятҳои фарқкунандаи чунин низоми идоракунӣ инҳо мебошанд:

  • таваҷҷуҳ ба татбиқи қарорҳои стратегӣ ва якҷоякунии амалиёти идоракунӣ;
  • ғайримарказонидан ва демократикунонии идоракунӣ;
  • афзоиши аҳамиятноки эҳсоси пешакӣ ва шиддатнокии муносибати сифатӣ ба баҳодиҳӣ;
  • баррасии ташкилот ҳамчун субъекти таъсирасони фаъол ба муҳит;
  • истифодаи стратегия ҳамчун воситаи асосии идоракунии рушди ташкилот.

Инкишофи бемайлони муҳити беруна ва қобилияти саривақтии мутобиқшавии ширкат ба тағйирот ва талабҳои муҳити атроф моҳияти рафтори стратегиро инъикос менамоянд. Бинобар ин маънии пурраи интихоби стратегӣ тағйир меёбад ва ҷавоб ба саволи «Бо бизнеси то ҳол муваффақ, ки бо сабаби тағйир ёфтани афзалиятноки истеъмолӣ ҷолибии худро даст медиҳад, чӣ бояд кард?»-ро ифода менамояд.

Тавсифи муқоисавии низоми идоракунии стратегияи баррасишуда дар ҷадвали 2.1. пешниҳод шудааст.

Низоми идоракунии якдигарро ивазкунанда ба сатҳи рушди ноустувори муҳит ва пешгӯии начандон назарраси оянда нигаронида шудааст.
Ҳамин тариқ, пайдоиш ва истифодаи амалии усулҳои идоракунии стратегӣ ҳамчун чорабиниҳои бартарафкунандаи мушкилиҳои вазифаи идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

пешина
аз 469
навбатӣ