Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 2. ТАХАВВУЛОТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Таҳлили касбии стратегии тағйироти муҳити беруна ва коркарди таҳсироти мутобиқшудаи баробар мебошад. Чунин банақшагирӣ бо назардошти тамоюлҳои муқаррарӣ дар тағйироти муҳити рақобатнокӣ барои муайянкунии тарафҳои пурзӯр ва заифи ташкилот, ба имкониятҳои мусоид, табадуллоти муҳит ва таҳдидҳо аз тарафи рақибон, инчунин омилҳои муҳити иҷтимоӣ, сиёсӣ, технологӣ ва иқтисодӣ такя мекунад.
Барои низоми мазкури идоракунӣ инҳо хосанд:
• дур шудан аз усули баҳодиҳии экстраполитатсионӣ;
• ба эътибор гирифтани тағйироти омилҳои истеҳсолот;
• таҳлили имкониятҳои дохилии ташкилот ва муҳити беруна;
• ҷустуҷӯи роҳҳои оптималии истифодаи иқтидори дохилӣ бо назардошти маҳдудиятҳои беруна ва мувофиқат бо захираҳои мавҷудаи муҳити беруна;
• мавҷудияти қарорҳои алтернативӣ.
Дар солҳои 70-ум дар аксарияти ширкатҳои калонтарин ва миёнаи Ғарб зернизоми марказонидашудаи умумикорпоративии банақшагирӣ амал мекарданд. Як қатор таҳлилгарон ва рӯзноманигорон солҳои 60-70-умро «таҳаввулоти банақшагирии стратегӣ» номидаанд.
Банақшагирии стратегӣ ба таври васеъ дар таҷрибаи бизнес аз ҳисоби муайян намудани трендҳои на танҳо рушди иқтисодии корпорасия, балки муҳити мавҷудияти он истифода мешавад. Бизнес-муҳит ҳамчун низоми омилҳои мураккаб, сохторӣ фаҳмида мешавад, ки ба ширкат ва рақибони он таъсир мерасонад. Муҳити берунаи ноустувор чун омили ҳалкунандаи банақшагирии стратегӣ ба назар гирифта мешавад.
Банақшагирии стратегӣ, дар баробари тамоюлҳои муҳити беруна, якҷоякунии дастовардҳои ниҳоӣ дар самтҳои усулҳои банақшагирӣ, дар муқоиса бо банақшагирии дарозмуддат нисбатан мураккаб ва бисёрсамта аст. Ба қатори усулҳои нави истифодакунандаи банақшагирии стратегӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст: модели таҳлили сандуқи маблағгузории ширкат, коркарди ҳолати нақшаҳои рушд, истифодаи банақшагирии сенариявӣ, истифодаи низоми баҳодиҳии таҳлилӣ, истифодаи матритсаҳои таҳлилии гуногун барои тадқиқи алтернативаҳои рушди стратегии имконпазир.
Бо афзудани шумораи ташкилотҳои банақшагирии стратегиро истифодабаранда душвориҳои субъективӣ бештар пайдо шудан гирифтанд (аз боло супориш додан, мутахассисони «гарон», кашолёбии коркардҳо ва ғайра), ҳудудҳои объективии самаранокии банақшагирии стратегӣ ҳамчун низоми мутобиқат ба тағйироти муҳити бозорӣ ва таъмини қобилияти рақобатнокии ташкилот пайдо шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё