Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Расми 9.6. Равандҳои асосии таҳлили ҳолати молиявии ташкилот.

карда мешавад. Сатҳи мустақилияти молиявӣ бо таносуби қисмҳо ва бобҳои актив ва пассивҳои тавозуни муҳосибии ташкилот муайян карда мешавад. Таҳлили сохтори пассивҳои тавозун барои муайян намудани сабабҳои ноустувории ташкилот имконият медиҳанд.

Чор шакли устувории молиявии ташкилотро қайд менамоянд:
• устувории комили молиявӣ;
• устувории кофии ҳолати молиявӣ, ки қудрати пардохтпазирии ташкилотро нишон медиҳад;
• ҳолати ноустувори молиявӣ;
• ҳолати буҳрони молиявӣ.

Таносуби байни арзиши захираҳои моддию истеҳсолӣ (ЗМИ) ва сарчашмаҳои ташаккули онҳо заминаи асосии устувории молиявии ташкилот ба шумор мераванд. Дар ҷадвали 9.2 тафсилоти шаклҳои устувории ташкилот оварда шудаанд.

Яке аз маҳақҳои асосии ҳолати молиявии ташкилот ин пардохтпазирӣ будани он аст. Дар таҷрибаи таҳлил фарқияти пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро роҳандозӣ менамоянд. Дар зери мафҳуми пардохтпазирии дарозмуддати ташкилот малакаи ҳисоббаробаркунии уҳдадориҳо дар оянда фаҳмида мешавад. Ба таври дигар гӯем, ташкилот дар он вақт пардохтпазир мегардад, ки агар вай имконияти иҷрои уҳдадориҳои кӯтоҳмуддати худро бо истифодаи активҳои гардишкунанда дошта бошад.

пешина
аз 469
навбатӣ