Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 6. УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
ба нақшагирии стратегӣ вобаста ба хусусиятҳояшон дар шакли зерин таснифот карда мешаванд (расми 6.2):
Ҷадвали 6.1. Истифодаи матритсахӯ дар сатҳҳои гуногуни менеҷменти стратегӣ.
Сатҳи корпоративӣ
Матритсаи BCG* Матритсаи МСС (мувофиқати мақсад ва имкониятҳои ташкилот).
Матритсаи SWOT Матритсаи GE Матритсаи Hofer / Schendel Матритсаи Shell / DPM Матритсаи ADL (даврҳои ҳаётии соҳа вобаста ба мавқеъ дар бозор) Матритсаи Портер Матритсаи стратегияҳои тиҷоратӣ дар давраи таназзул қарордошта. Матритсаи шаклҳои асосии якҷоякунӣ (кооперацияи истеҳсолӣ, мавҷудияти моликияти ҳамҷоя) Матритсаи Томпсон — Стрикленд
Сатҳи бизнес
Матритсаи беҳтаркунии мавқеи рақобатнокӣ (иҳотаи бозор, тафриқа)
Матритсаи тафриқавӣ самаранокии нисбии хароҷот
Матритсаи чандирии эҳсос намудани рақобат дар бозор (дав-раи рушди соҳа, мавқеи стратегии ташкилот)
Матритсаи стратегияи хулосаи назариявии нархгузорӣ ва арзишӣ (муайян намудани сифати мол вобаста ба нарх)
Матритсаи истеҳсолӣ навоварӣ тафриқавӣ
Матритсаи гурӯҳбандии мол (аксуламали ҷавобии фурӯш, тафовути даромади умумӣ)
Матритсаи сифатӣ-ғунҷоиши захиравӣ (вобастагии сифат аз ғунҷоиши захиравии маҳсулот)
Матритсаи таъсирҳои номуайян
- Таснифот доир ба миқдори ячейкаҳои тадқиқотӣ.
Чӣ қадаре ки ячейкаҳо дар таркиби матритса бештар бошанд, онҳо мураккаб буда, маълумоти зиёдро доро мебошанд. Дар ин ҳолат матритса ба чор гурӯҳ тақсим мешавад. Ба гурӯҳи аввал матритсаҳое дохил мешаванд, ки аз чор ячейка иборатанд. Ба гурӯҳи дуюм матритсаҳои дорои нуҳ ячейка, ба гурӯҳи сеюм шонздаҳ ва ба гурӯҳи чорум - зиёда аз шонздаҳ ячейка дохиланд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё