Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Вазифаи стратегии ин ташкилот асосан аз муайян намудани ҷонибҳои пуркувват ва заифи худ ва аз амалӣ гардондани маблағгузориҳои зарурӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ва таквият додани самтҳои заифи худ иборат аст.
Мавқеи «Ғолиб 3» ба ташкилотҳое мансуб аст, ки тиҷорати онҳо ва ҷалби бозор дар сатҳи миёна қарор дорад, аммо бартарии ташкилот дар бозор пурзӯр ва назаррас аст. Барои ин ташкилот, пеш аз ҳама, муайян намудани ҷалби ҷузъҳои бозор ва маблағгузорӣ намудани онҳо, рушди малакаи муқобилият нишон додан дар рақобат, баланд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин васила инкишоф додани даромаднокии ташкилот хос мебошад.
Холҳои тиҷорати дар се доираи поёнӣ ҷойгиршуда ҳамчун «Мағлуб» маҳсуб мегарданд.
Маблағгузориҳои иловагӣ барои ин навъи тиҷоратҳо чун қоида бояд маҳдуд ва ё пурра қатъ карда шаванд.
Барои «Мағлуб 1» ҷалби миёнаи бозор ва сатҳи пасти бартариҳои нисбӣ дар бозор хос аст. Барои ин навъи тиҷорат лозим аст, ки мавқеи на он қадар хатарноки бозорро дарёфт карда, аз рӯи имконият ҷонибҳои сусти онро таквият диҳад ва агар ягон омили мазкур кумак расонида натавонад, пас ташкилот бояд бозори тиҷоратиро тарк намояд.
Барои «Мағлуб 2» бошад, ҷалби пасти бозор ва дараҷаи миёнаи бартариҳои нисбӣ дар бозор хос мебошад. Барои ин мавқеъ ягон ҷонибҳои пуркувват ва ё имкониятҳо хос нестанд. Соҳаи тиҷорати мазкур он қадар ҷолиб нест. Ташкилот дар ин шакли тиҷорат пешсаф нест, гарчанде ки онро ҳамчун рақиби ҷиддии дигарон ҳисобидан мумкин аст. Дар ин ҳолат ташкилот бояд диққати асосиро барои равон намудани иқтидорҳои худ ҷиҳати паст намудани хатарҳо, ҳимояи тиҷорати худ дар соҳаҳои нисбатан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё