Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ки дар хаёлоту фарзияҳои норавшан шакл мегирифт, шарҳ дода метавонист.
Кӣ медонист, ки агар Қазонқоп ҳамроҳ намебуду пешопеши уштур инони онро гирифта қадам намезад, бо мурури пеш рафтан ба дарунтари дашти беканор ҳоли Едигею Уқубала чӣ мешуд? Едигей уштурсавор буд. Албатта, ба уштур Уқубала мебоист савор мешуд. Аммо Қазонқоп ва хусусан Уқубала хоҳиш карданд, ҳатто маҷбур намуданд, ки ба уштур вай савор шавад: «Мо саҳат-саломатем, аммо ту бояд худатро эҳтиёт кунӣ, баҳс накун, фурсат танг, роҳ дур аст...» Уштур уштури ҷавон буд, ҳанӯз ба бори гарон тоб оварда наметавонист, бинобар ин яке савор шуду ду нафар аз паҳлӯяш пиёда мерафтанд. Қаранори ҳозираи Едигей мешуд, ҳар сеяшон савор мешуданд ва хеле тезтар — дар севуним-чаҳор соат ба манзил мерасиданд. Аммо он рӯз онҳо ба Бӯронӣ фақат дар поси дуввуми шаб расиданд.
Лекин роҳи дуру дароз дар зимни сӯҳбат ва тамошои ҷойҳои ношинос номаълум бигузашт. Қазонқоп роҳравон аз зисту зиндагонии ин ҷойҳо нақл мекард, чӣ тавр ба сарзамини Сари Озек, ба роҳи оҳани ин ҷо афтодани худро гуфта медод. Маълум шуд, ки вай он қадар ҳам солхӯрда набудааст, ҳамон сол, яъне як сол пеш аз тамом шудани ҷанг акнун ба сиву шаш қадам монда будааст. Вай аслан аз қазоқҳои соҳили Арал буд. Овули ӯ Бешағоч аз Чонгелди дар сӣ километр масофа воқеъ гаштааст. Ба рафтанаш аз зодгоҳ солҳои зиёде шуда бошад ҳам ба дидани Бешағоч боре нарафтааст. Ва ин бесабаб набудааст. Маълум шуд, ки дар давраи ҳамчун синф нест кардани кулакҳо падари ӯро низ бадарға кардаанд. Аммо дере нагузашта фаҳмидаанд, ки вай ҳаргиз кулак набудааст, балки тӯъмаи каҷравию ифроткориҳо шудааст ва ба ӯ ва шахсони миёнаҳоли мисли ӯ бехуда, саҳеҳтар бигӯям, саҳван сахт муносибат кардаанд. Ва ӯ аз бадарға озод шуда, ҳангоми бозгаштанаш дар роҳ ҳалок шудааст. Саҳв баъдтар маълум шуд, аммо дигар дер шуда буд. Оила — бародарон ва хоҳарон — ҳар кадоме ба ҳар сӯе пароканда шуда рафтанд, то аз назари мардум дуртар бошанд. Онҳо бе ному нишон гум шуда рафтанд. Фаъолони аз ҳад фузун фаъол Қазонқопро, ки он вақт бӯзбалай ҷавон буд, маҷбур мекарданд, ки ба маҷлис баромада, падарашро маҳкум намояд. Дар пеши кӯп бигӯяд, ки тарафдори хатти сиёсист ва падараш чун унсури

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё