Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Бӯронӣ роҳ пеш гирифтанд. Хусусан, ки барои гун-доштани чизу чора ба Едигею Укубала вақти зиёд лозим набуд. Аз мо чӣ меравад, рафта бинем, ку, чӣ хел ҷое будааст, гуфтанд онҳо байни худ. Баъдтар маълум шуд, ки ба он ҷо тақдиру насибашон кашида будааст.
Роҳи дашти Сари Озек аз Кумбел то Бӯронӣ як умр дар хотири Едигей нақш бастааст. Аввал қад-қади роҳи оҳан мерафтанд, соний оҳиста-оҳиста ба тарафи чап гаштанд. Қазонқоп шарҳ дод, ки онҳо роҳро миёнбур ва тақрибан даҳ километр наздиктар мекунанд, чунки дар пеш ҳавзаи калони хушке ҳаст, ки дар ҷон кӯли бузурги обаш шӯр як замонҳо пайдо шудааст ва роҳи оҳан аз гирди он ҳавза давр зада мегузарад. Аз таки он ҳавза то имрӯз намак ва захи ботлоқӣ ба рӯй мезанад. Ҳар сол баҳорон он ҳамвории сернамак аз барфу борон нарм шуда, касногузар мегардад, вале то оғози тобистон намак боз хушк шуда, то баҳори оянда ба қабати сангвор сахти сап-сафед табдил меёбад. Дар ин ҷоҳо як замоне вуҷуд доштани кӯли калони обаш намакинро ба Қазонқоп Елизарови геолог, тадқиқгари даштҳои Сари Озек нақл карда будааст, ки баъдтар Едигеи Бӯронӣ ҳам бо ӯ дӯсти наздик шуда буд. Шахси хирадманде буд он геолог.
Инак, Едигей, ки ҳанӯз Едигеи Бӯронӣ ном нагирифта буд, балки як қазоқи аралӣ, ки ҷанговари ярадори аз фронт баргаштаи зиндагониаш бесару сомоне буд, ба суханҳои Қазонқоп — ин коргари тасодуфан вохӯрдаи роҳи оҳан бовар карда, ҳамроҳи занаш ба ҷустуҷӯи кор ва сарпаноҳе ба дуроҳаи дур ва ношиноси Бӯронӣ мерафт. Мерафту дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд, ки тамоми умр дар он манзил хоҳад монд.
Масоҳати бузургу нопайдоканори Сари Озек, ки фақат баҳорон ба муддати кӯтоҳе ҷомаи сабз мепӯшид, Едигейро моту мабҳут гардонид. Дар атрофи Баҳри Арал низ даштҳо, биёбонҳо ҳастанд. Ҳамвории Усть-Урт худ як биёбони беканорест. Аммо Сари Озек барин дашти паҳноварро нахустин бор медид. Ва чунон ки Едигей сонитар дарёфт, дар оғӯши сукунати Сари Озек фақат касе танҳо ба танҳо монда метавонист, ки ба шаҳомати биёбон дилу дидаи худро баробар гузошта тавонад. Оре, Сари Озек беҳадду канор аст, аммо тафаккури инсон қодир аст ҳамин масоҳатро низ фаро бигирад. Шахси хирадманде буд Елизаров, он чизеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё