Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

гарчи духтурҳо маслиҳат дода буданд, ҳоло ки нотоб аст, тамоку накашад. Сонитар ӯ ин одати бадро тарк намуд. Аммо он вақт чӣ кор карданаш, чӣ тавр зиндагонии карданашро намедонист, зарари тамоку ба назараш намерасид. Барои баромадан ба миёнаи баҳр дастони тавоно лозим, миёни бақувват даркор ва аз ҳама муҳимтараш сар бояд солиму саломат бошад, ки ба талотуми баҳр тоб оварад. Пеш аз ҷанг ӯ моҳигири ҳунарманде буд. Акнун чӣ? Кист акнун вай? Инвалид гӯй, инвалид не, сиҳат гӯй, сиҳат не. Ва пеш аз ҳама сараш ба касби моҳигирӣ акнун кор намедиҳад. Ин рӯз барин равшан.

Едигей акнун аз ҷои худ бархостанӣ буд, ки аз куҷое дар соҳил як саги сафед пайдо шуд. Вай лаблаби об лӯклукунон медавид. Гоҳ-гоҳе қарор мегирифту реги тарро озмоишкорона бӯй мекашид. Едигей ӯро ба наздаш хонд. Саг натарсида пеш омад, ба паҳлӯи Едигей расида, думашро ликконид. Едигей гардани сермӯи ӯро навозишкорона сила кард.

— Ту аз куҷо пайдо шудӣ, а? Аз куҷо меоӣ? Хӯш, номат чист? Арслон? Пӯлбарс? Бӯрибосар?1 Ҳа-а, фаҳмидам, ту аз соҳил моҳӣ меҷӯӣ. Э офарин, боракалло. Лекин охир мавҷи баҳр на ҳар рӯз моҳии мурдаро ба соҳил бароварда мепартояд. Илоҷ? Давидан лозим меояд. Барои ҳамин ҳам ин қадар логар шудаӣ. Ман, ошно, ба хонаам равонаам. Аз наздикии Кенигсберг меоям. Ба ин шаҳр боз андак монда буд, якта снаряд омада дар паҳлӯям тарқиду мана чунон бардошта ба замин зад, ки базӯр зинда мондам. Ана акнун ман гаранг, намедонам чӣ кор кунам. Ба чӣ ин хел нигоҳ мекунӣ? Ягон чиз надорам, ки ба ту диҳам. Фақат орденҳо дорам, медальҳо... Ҷанг давом мекунад, ошно, дар ҳама ҷо қаҳтӣ, гуруснагӣ. Набошад ман мумсик не.... Исто, ин ҷо чанд дона ҳалвои обаки дандон буд, барои писарҷамам мебарам, вай калон шудааст, ба хаёлам, ҳоло давдавон шудагист...

Едигей ҳавсала карда даҳони кӯлбори нимхолиашро кушод. Он ҷо як каф ҳалвои ба коғазпорае печонидашуда, рӯймолаке барои занаш буд, ки аз истгоҳи сари роҳ аз даст харида буд. Боз ду кулча собун, ки низ аз ҷаллобон харидааст. Дар кӯлбор куртаи эзори сарбозӣ, тасма, пилотка, гимнастёркаи дуввум ва шимашро

1 Шер, бабр, гурггир.

пешина
аз 293
навбатӣ