Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Рост гуфта будааст ҳамон духтури сурхмӯй. Айнан гуфтаи вай шуд. Албатта, як сол ба даҳон осон. Аз госпитал шинели ғичим дар тан, кӯлворе дар пушт бо багаласое ба ҳар эҳтимол дар даст баромада, ба кӯчаҳои шаҳр даромад. Ба назараш чунон менамуд, ки ба ҷангали касногузар афтодааст. Сараш ғуввос мезад, поҳояш меларзиданд, пеши чашмашро сиёҳӣ мегирифт. Дар вокзалҳо, қаторҳо гӯё замин кафида одам баромада буд ва касеро ба касе кор набуд. Ҳар кас зӯр бошад, дигареро ба як сӯ тела дода, худаш пеш мегузашт. Бо вуҷуди он навъе карда, ба манзил расид. Кам не, мӯл ҳам не, баъди як моҳи оворагиҳо қатор ба истгоҳи Аральск расид. «Панҷсадӯми шодмон» лақаб дошт он қатори ғалати, илоҳӣ, саворӣ ба ин гуна қаторҳо ҳеҷ гоҳ ба сари фарзанди одам наафтад...

Аммо он вақтҳо ҳамон қатор ҳам мояи хушҳолӣ буд. Едигей аз вагони баланд фуруд омаду ҳайрон шуда истод. Атроф тип-торик, фақат ҷо-ҷо чароғҳои хираи истгоҳ милт-милт метофтанд. Боди тунде мевазид. Ҳа, ӯро маҳз ҳамин бод истиқбол гирифта буд. Боду ҳавои диёри азизаш, боду ҳавои баҳри Арал! Ба машомаш бӯи об расид. Он рӯзҳо об наздик буд, шарфаи мавҷҳояш дар паҳлӯи роҳи оҳан шунида мешуд. Ҳоло бо дурбин нигарӣ, базӯр мебинӣ...

Едигей бо ҳаловат нафас мекашид. Аз самти даштҳои он сӯи Арал бӯи нозуки явшони порина, нақҳати хоси аввали баҳор мерасид. Чӣ хуш аст дидори диёр!

Едигей истгоҳи роҳи оҳан ва қасабаи назди онро бо тангкӯчаҳои қаҷмақаҷаш хуб медонист. Вай ба хонаи ошноҳояш мерафт, то шабро гузаронида, саҳарӣ ба сӯи овули моҳигирон — Чонгелӣ, ки хеле дур буд, роҳ пеш бигирад. Ба мӯзаҳояш лой мечаспид. Худ нафаҳмида монд, ки чӣ тавр тангкӯчае ба поён расиду ӯ ба канори қасаба, ба лаби баҳр баромад. Едигей ғайри ихтиёр ба соҳил наздик шуд. Ба рӯи реги тар расида қарор гирифт. Баҳр дар оғӯши торикӣ мехобид ва онро фақат аз рӯи паррави хиратобаш, аз теғаи мавҷҳои давон, ки тарҳҳои на чандон равнашашон бо ғулгулае пеш омада, дарҳол нопадид мегаштанд, пай бурдан мумкин буд. Бомдод наздик буд ва моҳи танҳо дар осмони баланд дар паси абпорае сафед метофт.

Мана, ба дидори баҳр ҳам расид Едигей.
— Ассалом, Арал, — пичирросзанон гуфт ӯ.
Сонӣ ба рӯи санге нишаста, тамоку дуд кунонид.

пешина
аз 293
навбатӣ