Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
мушкил ё тақрибан имконнопазир аст. Муддати мадиде — рӯзҳо ва ҳафтаҳои зиёде — дар гӯшаи дури кайҳон мезистем ва курси арз аз ин ҷо ба назарамон бештар аз чархи автомобил набуд ва мо бо дарду алам ва ҳасрати очизона фикр мекардем, ки бӯҳрони имрӯзаи энергетикӣ, ки ҷамъиятро ба изтироби шадиду ба кӯи навмедӣ андохтааст ва баъзе мамлакатҳо то ба ҷое расонидааст, ки мехоҳанд бомбаи атомиро ба кор андозанд, ин бӯҳрон ҳамагӣ як муаммои калони техникисту бас. Ба шарте ин мамлакатҳо қобил бошанд, ки бо ҳам ба гуфтугӯ бинишинанд ва таъин кунанд, ки чӣ муаммои муҳимтар аз соири масоил аст...
Аз бими он ки вазъи пурхатари заминиён боз музтариб ва мураккабтар шавад, мо ҷуръат намуда, бар дӯши худ масъулияти беназире гирифтем то аз номи ҳамаи инсоният ба соҳибхирадони ғайризаминии мувофиқи ақида ва виҷдони худ рӯ ба рӯ шавем. Умедворем ва аминем, ки вазифаи ихтиёрии худро бо шараф ба иҷро мерасонем.
Ва, ниҳоят, нуктаи охирин. Мо дар лаҳзаҳои фикру андеша ва шубҳаву дудилагиҳои худ хеле изтироб мекашидем то барномаи «Демиург» — ин ибтикори бузургтарин дар таърихи замину кайҳонии банӣ-башар, ин нахустин қадам, ки ба мамлакатҳои мо дар бадали солҳои дароз, пас аз беэътимодиҳо ба ҳамдигар, пас аз мадду ҷазри ҳамкориҳо бо азобу машаққате муяссар гаштааст, зараре набинад. Бо вуҷуди он ақли солим ёвари мо гардид ва мо ба кори умум мувофиқи тавон ва қобилияти худ ва аз дили соф хизмат кардем. Мо ҳар ду ҷиҳати корро муқоиса кардем ва барномаи «Демиург»-ро бинобар вазъияти дар боло зикршуда ба хатар андохтан нахоста, роҳи дигареро пеш гирифтем: «Паритет»-ро муваққатан тарк мекунем, то дар бозгашт ба аҳли Замин аз натиҷаҳои сафари сайёраи Пайкараи Чангалистон арз намоем. Мабодо абадӣ несту нобуд бишавем ё роҳбарон моро ба идома додани поси худ дар «Паритет» муносиб набинанд, иваз кардани мо кори мураккабе нест. Кормандони даркорӣ ҳамеша ёфт мешаванд, ки шояд аз мо беҳтар адои вазифа намоянд.
Мо ба олами номаълуму ношиносе меравем. Моро ба он сӯ шавку шаафи дониш ва орзуи ҳазоронсолаи инсон мебарад, ки мехоҳад зотҳои ба худ монанди соҳибфаросатро дар олами дигаре пайдо кунад ва хирадро бо хирад пайванд диҳад. Лекин ба касе маълум нест,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё