Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ба тарзи герметикӣ бипайвандад. Эҳтимол, ин аз хосиятҳои ҷозибаи электру магнитӣ бошад. Мо тасмим гирифтем, ки аппарати онҳо ба даричаи баромадгоҳи кайҳонии қароргоҳи мо омада чафс шавад ва агар мо аз истгоҳи мадориамон ба назди онҳо аз ҳамон ҷо ворид бишавем, аз ҳама беҳтар хоҳад шуд. Нияте дорем, ки маҳз бо ҳамин роҳ ба истгоҳи худ баргардем, албатта ба шарте ки сафари мо ба Пайкараи Чангалистон хуш анҷом пазирад...
Инак, мо дар саҳни «Паритет» номаи худро гузоштем. Бихоҳед, онро тавзеҳнома бишморед, ё мактуби кушод, ё муроҷиатнома бихоҳед... Фарқ надорад... Мо хуб мефаҳмем, ки ба чӣ иқдоме камар бастаем ва бори масъулияте, ки бар дӯш гирифтаем, то чӣ андоза бузург аст. Мо ҳис мекунем, ки тақдир ба мо шароити бағоят беназире ато кардааст то барои навъи башар хидмате ба ҷо оварем. Хидмате ки муҳимтар ва волотар аз он чизе дар тасаввури мо ғунҷоиш надорад...
Аммо бояд гуфт, сарфи назар кардани ҳисси масъулият, ҳисси вазифа ва, ниҳоят, интизоми муқаррарӣ қисмати мушкилтарини ин иқдоми мо буд... Оре, осон набуд сарфи назар кардани он чӣ ки дар ниҳоди ҳар қадоме аз мо оинҳо ва қонунҳои дерина ва қоидаҳои ахлоқи ҷамъиятӣ парвариш додаанд. Мо шумо, роҳбарони Мармутидор, ва умуман касеро аз заминиён огоҳ накарда, аз нақшаву вазифаҳои худ ба касе ва дар ҳеҷ гуна шаклеву тариқате машварат накарда, «Паритет»-ро тарк мегӯем ва аммо сабаби ин рафтори мо дар он нест, ки қоидаҳои ҳаёти ҷамъиятии Заминро эътиноҳе надошта бошем. Баръакс ин нуқта мавриди фикру андешаи азиятоваре буд. Мо ба чунин рафтор маҷбур ҳастем, зеро тасаввур кардан мушкил нест, ки пас аз огоҳӣ ёфтан аз азми мо чӣ гуна қувваҳое ба ҷунбиш хоҳанд омад; мо ҳамон қувваҳоро дар назар дорем, ки дар мусобиқаи хоккей холе барзиёд ба даст ояд, дар он ғалабаи сиёсатро мебинанд, афзалиятҳои сохта давлатии хештанро мебинанд; тасаввур кардан душвор нест, ки аз такони ин қувваҳо чӣ кайфиятҳое, чӣ шӯру ҳаракатҳо ва ихтилофҳо ба арсаи амал меоянд. Ҳайҳот, мо воқеияти заминии худро басе хуб медонем! Кӣ зомин шуда метавонад, ки имконияти робита бо тамаддуни ғайризаминӣ барои ҷангу ҷидоли ҷаҳонии заминиён баҳонаи тозае шуда наметавонад?
Дар рӯи Замин аз талоши сиёсӣ канора гирифтан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё