Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

расида ба «Конвенция» омад, пайгоми ҳайратафзое буд: муфаттишҳо ҳамаи ҳуҷраҳо, лабораторияҳо, ошёнаҳо ва ҳамаи канораҳои истгоҳро то ба охирин гӯшаи он дидаву санҷида гуфтанд, ки он ҷо аз паритет-кайҳоннавардҳо ному нишоне нест. На аз сурати зиндаашон осоре буд, на аз ҷисми беҷонашон....

Ин хабар дар тасаввуроти касе гунҷоиш намеёфт. Касе ба гӯшан хаёл оварда наметавонист, ки чӣ воқеае рух дода бошад, ду нафар одаме, ки бештар аз се моҳ дар истгоҳи мадорӣ буданд ва ҳамаи вазифаҳои худро бекамукост адо мекарданд, банохост ба куҷо ғайб зада бошанд? Охир ба бухор мубаддал нашудаанд-ку!

Сеанси таҳқиқ барпо шуд ва дар он ҳар ду шарик-роҳбарони генералӣ — паритет-сайёрашиносон бевосита иштирок мекарданд ва робитаи биловоситаи байни «Паритет» ва «Конвенция» барқарор буд. Дар сафҳаи экранҳои сершумори Мармутидор аён буд, ки чӣ гуна кайҳоннавардони муфаттиш байни ҳам гуфтугӯкунон ва дар фазои бевазнӣ шинокунон аз ҳуҷра ба ҳуҷра ва аз хона ба хонае мегузаштанд ва дар айни замон мушоҳидаҳои худро арз мекарданд. Ва ин гуфтугӯ дар навори магнитофон сабт мегардид:

«Паритет». Мебинед, дар истгоҳ касе нест. Мо касеро надидем.

«Конвенция». Оё осори ягон чизи шикаста, ё вайрон шудани ягон ҷузъи истгоҳ ба назар намерасад?

«Паритет». Не, ҳама чиз дар ҷояш, дар ҳамон вазъу тартибе ки бояд шояд.

«Конвенция». Осори хун ҳам наменамояд?

«Паритет». Ягон зарра.

«Конвенция». Ашёҳои шахсии паритет-кайҳоннавардон дар куҷо ва дар чӣ холанд?

«Паритет». Ашёҳояшон ҳам, ба назари мо, дар ҷои худашон.

«Конвенция». Ба ҳар ҳол, боз як бор бинед.

«Паритет». Чунон менамояд, ки онҳо ҳамин ҳоло ин ҷо буданд. Китобҳо, соат, граммофон, дигар чизҳо — ҳама дар ҷояш.

«Конвенция». Хуб. Бубинед, ки оё ба рӯи девор ё коғаз чизе нанавиштаанд?..

«Паритет». Ягон хел навиштаҷотро надидем. Э сабр кунед, ҳозир!.. Дар рӯи дафтари ёддошт навиштае ба назар мерасад. Матн хеле калон. Барои он ки дафтар дар фазои бевазнӣ шиновар набошад, онро бо гирое баста,

пешина
аз 293
навбатӣ