Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
намедонист, ки чӣ кор кунад, минбаъд чӣ кор хоҳад кард, оташи дард ва аламеро ки синаашро месӯзонид, чӣ гуна рафъ намояд? Эрмек дар пештахтаи тиреза сангчаҳои фолбиниашро фаромӯш карда рафта буданд. Ҳамон ҷилу як дона сангча, ки бо он фол мекушоданд: падаре ки кайҳо боз дар қайди ҳаёт нест, кай меояд?.. Сангчаҳои умедбахш ва меҳрнишон. Ёдигей сангчаҳои фолкушоро ба каф гирифта, дар мушташ бифушурд. Ҳамин буд ҳамаи он чизе ки аз онон боқӣ мондааст. Косаи сабраш лабрез шуда буд. Рӯ ба девори чӯбин гардониду рухсори тасфидаи пурандухашро ба тахтаи сарди девор ҷафс намуда, бо овози гирифта талх бигирист. Мегиристу аз дастонаш сангчаҳо паи ҳам ба рӯи фарш меафтоданд. Вай мекӯшид онҳоро дар дастони ларзонаш нигоҳ дорад, аммо дастонаш итоат намекарданд ва сангчаҳо ҳамчунон паи ҳам аз кафаш лағжида мебаромаданд ва ба рӯи фарш афтода, ба гӯшаҳои хонаи бекас ғелида мерафтанд...
Дар кулбаи бесоҳибмонда менишасту саъй мекард дарк намояд, ки ин воқеа чӣ тавр рӯй дода бошад? Пас Зарифа дидаву дониста дар набудани ӯ бачаҳояро гирифта рафтааст. Пас ӯ медонистааст ё биме доштааст, ки агар Ёдигей ин ҷо бошад, ӯро рафтан намемонад. Ҳа, рост, вай ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузошт, ки онҳо бираванд. Агар ин ҷо мешуд, намегузошт, сарфиназар аз он ки оқибати кор чӣ мешавад. Аммо ҳоло дер шуда буд ва аз «ин ҷо мешудам, чӣ мешавад, намешудам, чӣ мешавад» гуфтанҳо якпула фоида набуд. Онҳо бирафтаанд. Зарифа бирафтааст! Писаракон бирафтаанд! Магар Ёдигей ба рафтани онҳо розӣ мешуд? Ин кори Зарифа аст. Пай бурдааст, ки беҳтараш дар ғайби ӯ бираванд. Кори худашро осон кардааст, аммо нагуфтааст, ки кулбаи бекасро дидан барои ӯ чӣ даҳшатест.
Касе барои ӯ қатореро дар ин дуроҳа нигоҳ доштааст. Ва он кас ҳам маълум аст. Қазонқоп кардааст ин корро. Ба ғайр аз ӯ дигар кас намекунад. Маълум, ки мили тормозро тоб надодааст, чунон ки Ёдигей рӯзи вафоти Сталин карда буд, балки аз сардори дуроҳа илтимос кардааст, ки ягон қатори мусофиркашро даст бигирад. Ҳамин хел зот аст Қазонқоп... Дар ин кор, эҳтимол, Укубала ҳам даст доштааст, то ки онҳо аз ин ҷо зудтар дафъ шаванд! Хайр, андак сабр кунед шумо! Ҳоло мебинед!..

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо