Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

нишаста гирифт, тугмаҳои либосашро гузаронид, бандҳои телпакашро маҳкам баст ва наздик расидани дуроҳаи худро мунтазир шуд.

Лекин ҳанӯз роҳ дур буд. Ҳаво чандон бад набуд. Боди сабуке мевазид, осмон камабр. Эмин метавон буд, ки дар як-ду соати наздик бӯрон нахоҳад шуд, аммо шабона вайрон шудани ҳаво аз эҳтимол дур набуд. Едигей Бӯронӣ хушҳол буд, ки дастгир ва ром кардани Қаранор муяссар шуд, шаб дар хонаи Қошпан нағз гузашт, думбуранавозӣ ва суруди Эрлепес бисёр маъқул шуд.

Ва Едигей боз беихтиёр аз рӯзгори носози худ ба хаёл рафт. Ана муаммою мана муаммо! Чӣ кор кунад, ки касе озор наёбад ва дар айни замон рози ниҳониашро низ бардошта нагардаду рӯирост бигӯяд, ки вазъият, Зарифа, мана ҳамин хел, ман туро дӯст медорам. Ва агар барои бачаҳои Абӯтолиб бо фамилияи падарашон роҳҳо баста бошанд ва агар Зарифа дил кунад, марҳамат, писараконро ба фамилияи Едигей нависонад. Фамилияи вай ба Даулу Эрмек кӯмак кунад, сари вай ба осмон мерасад. Бигузор дар сари роҳи зиндагиашон ҳеҷ гоҳ монеае набушад. Бигузор бо қуввату ғайрати худ бо ҳунари худашон комёб шаванд. Оё вай фамилияашро дареғ медорад?

Оре, ба сари Едигей Бӯронӣ раҳораҳ ҳамин гуна андешаҳо низ омаданд.

Рӯз ба поён мерасид. Қаранори тавоно дар аввал ҳар қадар саркашӣ ва арбада карда бошад ҳам, ҷусту чолок роҳ мепаймуд. Ана аз пеш пастхамиҳои Бӯронӣ намоён шуданд, мана селроҳае ки ҳоло барф зер кардааст, ана тали баланду васеи шинос. Аз пеш, дар хамгашти роҳи оҳан дуроҳаи Бӯронӣ воқеъ гаштааст. Аз мӯриҳо дуд печида мебарояд. Хонаводаҳои азизи ӯ дар чӣ холе бошанд? Ҳамагӣ як рӯз дур афтода буду дилаш чунон ба изтироб омадааст, ки гӯё як сол боз дар сафар бошад. Сахт пазмон ҳам шудааст, хусусан бачаҳоро. Қаранор қарияро дида, гашти худро тезтар намуд. Бо ҷуссаи тафсидаю арақ карда поҳои худро васеъ-васеъ партофта ва аз даҳонаш роға-роға бухор сар дода, пеш медавид. Даме ки Едигей ба хонааш наздик мешуд, дар дуроҳа ду катори боркаш бо ҳам мулоқот карданду ду тараф гузашта рафтанд. Яке ба ғарб равон шуду дигаре ба шарқ...

Едигей Қаранорро якбора ба ҳавлии паси хонааш

пешина
аз 293
навбатӣ