Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ягон кор ёрманӣ расонидан, ягон чиз овардан ё бурдан, дар хонаашон чизеро дуруст кардан лозим бошад, ҳамеша аз дилу ҷон ба ҷо меовард. Ҳозир ҳам ду ҷуволи калон картошкаро бар Қаранор бор карда, барои зимистонашон мебурд. Хонаашон аз ангишту ҳезум таъмин буд...

Едаш ба бачаҳо банд шавад, дилаш меосоид, ҷонаш ҳаловат мебурд. Тасаввур мекард, ки ба дуроҳа бирасад, чӣ хел писаракон аз хонаашон тозон мебароянд. Ҳарчанд, ки барфи лак-лакӣ мезанад, гашта ба хона намедароянд. Дар атрофаш ҷастухез карда, дод мезананд: «Амаки Едигей омад! Савори Қаранор омад! Картошка овард!». Ва ӯ ба уштур омирона «чиҳ!» мегӯяду ба сина менишонад, сони аз уштур фаромада, барфи сару либосашро меафшонад ва дар фосилаи ин корҳо сари писарчаҳоро сила карда, навозиш менамояд, баъд шурӯъ мекунад ба фаровардани ҷуволҳои картошка ва дар айни замон бо гӯшаи чашм нигоҳ мекунад, ки оё Зарифа, агар дар хона бошад, берун набаромад. Вай ба ӯ ягон гапи зарурии гуфтани надорад ва ӯ низ ба вай чизе нахоҳад гуфт. Фақат ба рӯяш як назар мекунаду бо ҳамин таскин меёбад, вале дере нагузашта, дубора ба оғӯши ғаму ғусса фурӯ меравад, зеро чораи дигаре надорад. Бачаҳо бошанд, дар атрофаш ҷунбуҷӯл карда мегарданд, баъзан халал мерасонанд, гоҳо аз ғурриши уштур тарсида-тарсида, ба наздиктараш меоянд ва баъд тарсу бимашонро фурӯ нишонида, ба қадри холашон кӯмак мерасонанд ва ин корашон ягона подоши дилҷӯе хоҳад буд барои ҳамаи ранҷу азобҳо...

Ана ҳамин тавр сурат гирифта буд сафари ӯ дар он рӯзи барфин. Ҳамаи роҳ сараш пур аз хаёлу дилаш моломоли шубҳа ва гумонҳо буд. Ва аз аввал то анҷоми сафар барф мебориду барф меборид...

Аз ҳамон барф зимистони бармаҳал ҳукмрони дашти Сари Озек гардид ва аз нахустин қадамаш зимистони қаҳратун буд.

Фасли сармо фаро расиду Қаранори Бӯронӣ боз ба изтироб омад, майли ҷуфтхоҳиаш аз нав оташ гирифт, ҷӯшиду хурӯшид ва акнун касе ё чизе набуд, ки садди озодии вай шуда тавонад. Ҳатто соҳибаш низ акнун мебоист гузашт мекард, то ҷони худро беҳуда гирифтори балое нагардонад...

Рӯзи саввуми пас аз барфи калон боди сарди шадиде вазид ва баъди ором шудани он дар сар то сари

пешина
аз 293
навбатӣ