Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Порчаҳои калон-калони сап-сафедаш дар фазо чархзанон фурӯ мерехтанд. Ҳаво хунук набошад ҳам, рутубатнок ва хеле ногувор буд. Ва аз ҳама ногувораш ин буд, ки аз паси пардаи барф чизе ба назар намемуд. Чӣ илоҷ? Дар дашти Сари Озек паноҳгоҳе нест, ки сари роҳ он ҷо то гузаштани шӯриши барф таваккуф кунӣ. Фақат якта умед монда буд — умед ба қуввати Қаранор ва роҳдонии вай. Фақат Қаранор метавонист соҳибашро ба манзил бирасонад. Едигей инонро ба ихтиёри атанаш вогузошт. Худаш гиребони пӯстинро бардошта, телпакашро ба сараш зер карда пӯшид ва аз болояш кулоҳи борониро ба сар кашид. Тоқат карда менишасту дам ба дам ба атроф чашм меандошт, ки оё ягон чиз менамуда бошад? Аммо ба ҷуз пардаи ғафси барф чизе ба назар намерасид. Қаранор бошад, гашти худро суст накарда, дар миёни он арасот роҳ мепаймуд ва, аз афти кор, пай мебурд, ки хоҷааш акнун чандон хоҷа ҳам нест, бинобар ин ҳам дар болои чуволҳояш сокит ва пакар нишастааст, локал овозаш намебарояд. Оре, Қаранор уштури тавоно, ҷонвари муқтадир буд, ки бо ин қадар бор дар миёни шӯриши барф башаст медавид. Чуқур-чуқур нафас мегирифт, хаври даҳонаш роға-роға ба атроф паҳн мешуд, гоҳо баланд мегурриду наъра мезад ва гоҳо дуру дароз, бефосила ва ба як оҳанг зӯза мекашиду аз қабати барфи чарханда боэътимод ва устувор пеш медавид...
Едигей Бӯронӣ дар миёни барфистон худро яккаву танҳо ҳис мекард. Қаранор дам ба дам барфи ба са- раш нишастаро афшонида, сукунати даштро бо наъ- раву фарёдҳои худ халалдор мекард. Аҳволи Едигей хеле бад буд дар он сафар. Инону иродаашро ба даст гирифта наметавонист, ба як қарори хушоянду маъкул омада наметавонист. Ҷуръат надошт, ки рози дилашро ба Зарифа бигӯяд ва аз Укубала ҳам рӯ гардонида наметавонист. Ва даргазаб шуда, худашро худаш даш- ном медод: «Ҳайвон! Худат ҳам ҳайвон, уштурат ҳам ҳайвон! Нокас! Нобакор! Саг! Аҳмақ!» Ва боз ҳақо- ратҳои қабеҳ медод, худашро аз замин гирифта, ба за- мин мезад, таҳдидҳо мекард, то ба худ биояду ҳушҷёр- тар бишавад... Аммо суде набуд... Вай ба ҳамон хок- рез, ба ҳамон кӯҳпораи аз ҷой ҷунбида монанд гашта буд... Ягона боиси дилхушиаш бачаҳо буданд. Чӣ хеле ки ҳаст, дар ҳамон ҳол ба онҳо маъкул буд, онҳо ба пеши вай ҳеҷ гуна шарту шароит намегузоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ