Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
даҳонашро кушод ва обашро ба сангзори соҳил бирехт. Ҳамроҳи об макраи заррин ҳам ба замин фаромад. Моҳии бузург, тавоно ва зебое буд вай. Акнун вай девонавор думак мезад, пайкарашро печутоб дода, мечаҳид, сангрезаҳои тарро ба ҳар сӯ пош медод ва даҳони худро калон кушода, рӯй ба самти баҳр меовард, мехост ҳар чӣ зудтар ба муҳити одатию дилҷӯи зиндагонияш баргардад, ба тегаи сафеди мавҷи тавонои об бирасад. Сипас баногоҳ лаҳзае ором шуд, тамоми сокин гашт, бо чашмони гирдаки соф ва ноҷунбонаш ба оламе ки ногаҳон ба он афтода буд, назар андохт, гӯё мехост сарфаҳм биравад, ки ин чӣ оламест. Ҳатто дар ҳавои нимторики шомгоҳон ба сари вай фавҷи равшанонии фавқулоддае фурӯ рехта буд ва ӯ чашми одамони ба сараш ҳамида, порае аз хатти соҳил ва дар масофаи хеле дуродур дар осмони болои баҳр аз паси абрҳои пароканда шафақи дар назараш ба андозаи тоқатфарсо пурҷилои офтобро медид. Нафасаш танг шуд.
Ва боз ба тапиш даромад. Бо қувваи тоза ҷастухез мекарду печутоб мехӯрд ва мехост худро ба об бирасонад.
Едигей макрари зарринро аз ғалсама дошта, аз замин боло кард.
— Дастатро дароз кун, аз такаш дор,— гуфт ӯ ба Ӯқубала.
Ӯқубала моҳиро ҳамчун кӯдаке дудаста гирифта, ба оғӯшаш зер кард.
— Баданаш чӣ хел таранг! — хитоб кард Ӯқубала неруи тавоною саркаши моҳиро эҳсос намуда.— Боз чунон вазнин, ки!... Кунда барин. Чӣ хел аз вай бӯи баҳр меояд! Ӯҳ, ростӣ бисёр хушрӯ будааст! Ма, Едигей, бигир. Ташаккур, ман розӣ акнун. Ба муродам расидам. Бигир, тезтар ба обаш сар бидеҳ...
Едигей макраи зарринро ба сӯи баҳр бардошта рафт.
Ба оби кафколуд то зону фаромад, моҳӣ аз дасташ оҳиста лағжида поён фаромад. Ва даме ки вай ба об медаромад, ҳамаи узвҳои зарринтобаш аз сар то дум дар ҳавои кабуди тирафом як лаҳзаи мухтасар дурахше барафканд ва ӯ аз дунболи пайкари чолоку тундпуяш фурӯғи аҷоиби худро низ ба қаъри об бурд...
Шабона дар баҳр тӯфони калоне бархест. Ғурриши
баланди он аз паси девор, аз он тарафи чари соҳил
баръало ба гӯш мерасид. Едигей бори дигар бовар
кард, ки йирек толкун беҳуда пайдо намешавад, ҳат-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ