Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Дар паҳнои кабудранги баҳри сарди оғози зимистон шаб доман мегустарид. Заврак гоҳ ба теғай мавҷҳо ҷахида мебаромаду гаҳе дар миёни онҳо нопадид мегардид ва тадриҷан ба соҳил наздик меомад. Бо амвоҷи пурхурӯши қафкин ба талош афтода, бо машаққате роҳ мепаймуд. Баҳр ба ғурриш даромада буд, сахт-сахт алвонҷ мехӯрд ва барои тӯфон неру ҷамъ мекард. Қатраҳои сарди об ба сару рӯй яхпорасон мезаданд, дастони белдори моҳигир аз сармо ва рутубат торафт аёнтар варам мекарданд.
Укубала дар соҳил қадам зада мегашт. Вай кайҳо ба ташвиш афтода, ба соҳил баромада буд ва шавҳарашро интизорӣ мекашид. Рӯзҳое ки ӯ барои арӯси моҳигир шудаман ризоият медод, хешовандонаш — чорвопарварони бодиянишин мегуфтанд: беҳтар мешуд, ки қабл аз «ҳа» гуфтан нағзакак фикр мекардӣ, чунки ба зиндагии мушкиле тан медиҳӣ, моҳигир не, балки баҳр шавҳарат мешавад ва ҳоло на як бору ду бор дар канори баҳр нишаста ва дасти илтиҷо ба сӯяш дароз карда, бо оби дидагонат рӯй мешӯӣ... Аммо ӯ Едигейро интихоб кард. Фақат ҳамин қадар гуфт, шавҳарам чӣ гуна зиндагӣ кунад, ман ҳам шарикаш...
Воқеан, ҳамин тавр шуд. Ин дафъа шавҳараш ҳамроҳи артел не, балки танҳо рафта буд. Ҳаво зуд торик мешуд, баҳр ноором буд ва ба фазо ғулгула меафканд.
Мана, аз миёни мавҷҳо нӯки бел намоён шуд, баъд худи заврак ҷаста ба рӯи мавҷ баромад. Укубала, ки ба рӯмоли калоне печида, шикамаш андаке пеш дамида буд, ба марзаи мавҷшикан наздиктар омад ва то расидани Едигей дар ҳамон ҷо истод. Мавҷи тавоное завракро бардошта оварду ба регзори соҳил афканд. Едигей зуд ба об фаромад ва завракашро чун барзагове кашолакунон ба канор баровард. Вай саропо шитта тар ва намаколуд буд. Ҳангоме ки қоматашро рост гирифт, Укубала пештар омада, даст ба зери боронии сардаш бурд ва гардани тарашро ба оғӯш гирифт.
— Чаро ин қадар дер? Кӯки чашмам канда шуд.
— Рӯзи дароз интизор шудам, наомад, навакак пайдо шуд.
— Чӣ, ту барои макраи заррин рафта будӣ?
— Ҳа, илтимос кардам, розӣ шуд. Мана акнун нигоҳ кун.
Едигей аз заврақ машки калони пуроберо гирифта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ