Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

карахт намуду ба таҳи заврак партофт. Барои моҳишӯрбои холаи Сағин акнун ба ҳар ҳол моҳӣ мерасид, ҳатто зиёди ҳам мекард. Баъд якта тран дармонд, ки ин симмоҳиро аз ҷинси загорамоҳиён дар баҳри Арал ҳамин тавр меномиданд. Едигей ҳайрон буд, ки транро чӣ чине задааст, ки ба он чуқурӣ ба сайр рафтааст!? Одатан тран дар қабатҳои боло мегардад. Хайр, ҳаволаш ба худо, ачалаш расида будааст. Сипас макси тӯлоние ба миён омад... «Не, то охир сабр мекунам,— худ ба худ гуфт Едигей.— Нагуфта бошам ҳам, занам медонад, ки ба сайди макраи заррин баромадам. Ва ман бояд онро ба даст биорам, вагарна тифл дар батнаш нороҳат мешавад. Охир, ин талаби ҳамон тифл аст, ки мехоҳад модараш макраи зарринро бибинад ва рӯи каф бигирад. Рост, касе намедонад, ки чунин як хоҳиш дар вуҷуди тифли норасида аз куҷо ва чӣ тавр пайдо шудааст. Муроди модараш низ ҳамин аст. Ман падар ҳастам ва бояд коре кунам, ки онҳо ба муродашон бирасанд».

Ийрек толкунҳо бозиҳо мекарданд, заврақи Едигейро ба чапу рост тоб медоданд, воқеан мавҷҳои қаҷпаҳлуву фиребандаву ноустувор буданд онҳо. Едигей ҳис намуд, ки аз ноҷунбон нишастан андакандак хунук мехӯрад. Бо вуҷуди ин чашмашро аз ғалтаку танобҳо намеканд, нигарон буд, ки кай таноб ба ҷунбиш меояд, кай аз миёни душоха гузашта, ба поён мешорад. Не, на дар димога, на дар думболи заврак ҷунбише мушоҳида намешуд. Едигей ҳамчунон тоқат мекард. Вай медонист, амин буд, ки макраи заррин ба наздаш хоҳад омад. Фақат баҳр ором бошад, шуд. Лекин ийрек толкунҳо шӯхиву бозиро аз ҳад гузаронида истодаанд. Чаро? Не, ба ин қарибӣ набояд тӯфон бархезад. Эҳтимол шомгоҳон ё шабона алабашҳо — мавҷҳои алосараки тӯфонзо ба хурӯш биоянд. Ва он гоҳ Баҳри Арал хашмгину таҳдидкор мешавад, ба ҷӯш меояду сар то сараш аз кафки сафед ҷома мепӯшад ва дигар касе ёфт нахоҳад шуд, ки ҷуръат карда, рӯ ба амвоҷи он оварад. Ҳоло ҳозир ин ҷо мондан метавон, ҳанӯз фурсате ҳаст...

Едигей аз шиддати хунукӣ сар ба дарун кашида, дам ба дам ба шастҳояш назар афканда менишаст. Ҳамчунон моҳии худро нигарон буд. «Чӣ ин қадар андеша мекунӣ, э ту натарс, аз барои савоб! — ба моҳӣ мегуфт ӯ дар дилаш.— Гуфтамку: натарс. Гашта ба об сар

пешина
аз 293
навбатӣ