Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
тон моҳиҳои гаронбаҳо ё арзон сайд карда бошад ҳам, дар ёд надорад, ки ягон маротиба макраи заррин ба тӯрашон афтода бошад. Ин моҳиро аҳён-аҳён касе ба шаст мегирифт, ки дар рӯзгори моҳигирон ҳодиса ҳисоб меёфт, овоза мешуд, ки кори фалонӣ омад кардааст, макраи зарринро капидааст.
Он рӯз бомдодон ӯ ба сӯи баҳр равон шуд. Ба занаш гуфт, ки ҳанӯз оби соҳил ях набаста, барои сарфи рӯзгор андак моҳӣ мегирад. Укубала ҳанӯз шаби гузашта ба ӯ эътирозкунон мегуфт:
— Хонаамон, шукр, аз моҳӣ пур. Ҳар хелаш ҳаст. Боз чӣ лозим? Ҳаво хунук шудааст.
Аммо Едигей исрор мекард.
— Чизе ки дар хона аст, ба ҷое гурехта намевазад, — мегуфт ӯ. — Худат гуфтӣ, ки холаи Сағин нотоб аст. Барои вай моҳишӯрбо пухтан лозим. Аз аспакмоҳӣ ё аз моҳии мӯйлабдор. Як ба як даво мешавад. Барои ин пиразан моҳиро мо надорем, кӣ медорад?
Бо ҳамин баҳона саҳари барвақт ба сайди макраи тиллогин баромад. Ҳамаи асбоб ва лавозимоташро қаблан омода карда, дар димоғай завракаш гузошта буд. Худаш ҳам либоси гармашро пӯшид ва аз болои он боронии кулоҳдорро ба сар гирифта, ба заврақ нишаст.
Осмон абрпӯш, ҳаво хира ва норавшан буд, ҳавои ноустувори байни тирамоҳу зимистон. Едигей белзанон завракашро аз болои мавҷҳо уреб ба миёнаҷои баҳри кушод равон кард. Макраи заррин ба ақидаи ӯ фақат дар ҳамон ҷо мезист. Оқибати сайд, албатта, ба омади кор вобаста буд, чунки сайёде нест, ки бо эътимоди кулл гуфта тавонад: ман имрӯз ҳатман аз қаъри баҳр бо шаст моҳӣ мегирам. Рӯи замин бошад, одам ва сайди ӯ, ба ҳар ҳол, дар муҳити якхела воқеъ гаштаанд, шикорӣ метавонад ҷонвареро дунболагирӣ кунад, ё дар ҷое камин гирифта нигаронаш шавад ё наздик расида ҳамла кунад. Моҳигир аз ин гуна шароит маҳрум аст. Шасти худро ба об андохта, ночор мунтазир мешавад, ки моҳӣ меояд ё на, агар биояд, ба дом меафтад ё на.
Едигей дар дил умеди қавӣ дошт, ки сайдаш барор мегирад, зеро вай мисли ҳамеша бо тақозои пеша не, балки ба хотири майли асроромези зани дӯҷонаш ба паҳнои баҳр баромадааст.
Бардаму тавоно буд Едигей ҷавон ва хеле хуб бел мезад. Монда нашуда, ба як маром бел мезаду завракашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё