Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

роҳ, гармо ва беобҳои Сари Озек, ҳеҷ гуна нохушиҳо ва бадбахтиҳо ва ҳатто ҷанг ҳам бо вуҷуди он ки ӯ то Кенигсберг рафта расиду ҳазор маротиба метавонистанд ӯро бикушанд, ярадор ва маъюбу маслух бикунанд, ба сари ӯ ин қадар азобу уқубат наоварда буданд...

Афанасий Иванович Елизаров боре ба Едигей Бӯронӣ нақл карда буд, ки хокрезҳо чӣ тавр ба амал меоянд, чӣ тавр баъзан ёнаи кӯҳе, ё ҳатто умуман худи кӯҳ аз ҷои худ ҷунбида, ба паҳлуяш фурӯ меғалтад ва қабати замин боз шуда мемонад. Ва одамон ба даҳшат меоянд, ки чунин касофате зери пояшон камин гирифта будаасту онҳо хабар надоштаанд. Хавфи хокрез дар он аст, ки фалокат ноаён, дар бадали рӯзҳо кам-кам пухта мерасад, зеро обҳои зеризаминӣ пояҳои қишри заминро тадриҷан шуста, аз таг нарм мекунанд ва он гоҳ андаке ларзидани замин ё ғурриши барқ ё борони сел кифоя аст, ки кӯҳпорае аз ҷои худ оҳиста-оҳиста бичунбаду рост ва бемайлон ба поён биғелад. Таҳдиди хокрез рафънопазир аст, қуввае нест, ки ҳамтои онро боздорад...

Агар одамизод низ бо ихтилофоти рафънопазираш тан ба тан монда, ғаму ғусса хӯрад, орому қарор аз даст бидиҳад ва дар чунин шароит касе набошад, ки дарди худро изҳор кунаду дасти ёрӣ дароз намояд, айнан чунин ҳол ба сари ӯ мерасад... Худи кас аз чунин ҳол воқиф аст, аз он бим дорад, вале он беамон ба сӯяш меояд...

Пас аз ду моҳи сафараш ба Кумбел ҳамроҳи Зарифа Едигей боз бо корубори худ ба он ҷо равон шуд ва аввалин бор ана дар ҳамон сафари дуввумаш ҳис кард, ки дар вуҷуди ӯ низ чунин ҷунбише ба амал меояд ва равшан дарк намуд, ки ин чӣ маъное дорад. Ӯ ба Зарифа ваъда дод, ки ба почта дарояд ва бипурсад, ки оё ба номи вай мактуб омадааст ва агар наомада бошад, ба се унвоне ки Зарифа навишта додааст, се та телеграмма бифиристад. Алҳол вай аз хешовандонаш ба ягонта аз мактубҳои худ ҷавоб нагирифта буд. Вай акнун фақат ҳамин қадар донистан мехост, ки мактубҳояш ба дасти онон расидаанд ё не. Дар телеграммаҳои худ айнан ҳамин тавр навишта буд, ки яъне ба мактуб ҷавоб навиштанатон шарт нест, илтимос мекунам мухтасар «ҳа» ё «не» гуфта ҷавоб гардонед, ки оё мактубҳои ман расиданд? Маълум мешуд, ки бародарону хоҳарон хоҳише

пешина
аз 293
навбатӣ