Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

илмӣ ва маъмурӣ, ҳамаи коргарони дастёр мебоист пароканда мешуданд, аммо қабл аз рафтан ба ҷои нав мебоист аҳдномаи махфиро имзо мекарданд, ки то дами марги худ аз сабаби қатъи фаъолияти Мармутидор ба касе ҳарфе нахоҳанд гуфт.

Аммо ба маълумоти умум чунин иттилооте дода мешуд, ки адои барномаи «Демиург» вобаста ба зарурати ногаҳонии тадқиқот ва тасҳеҳоти хеле муҳим дар сайёраи Икс ба муҳлати номуайян ба таъхир афтодааст.

Хулоса, масъала ҳамаҷониба фикр карда шуда буд.
Ва ҳамаи ин тадбирҳо пас аз таъҷилан бароварда шудани «Чанбар» дар атрофи кураи Замин мебоист ҷомаи амал мепӯшиданд.

Баъди анҷом ёфтани машварати комиссияҳо ҳамаи санадҳо, ҳамаи ҳуҷҷатҳои махфии рамзӣ, ҳамаи ахбороти собиқ паритет-кайҳоннавардгон, ҳамаи қарорҳо, наворҳо ва қоғазҳое ки ба ин ҳодисаи ғамангез алоқае доштанд, саросар нобуд карда шуданд.

Дар Уқёнуси Ором, дар самти ҷануби ҷазираҳои Алеут рӯз бегоҳ мешуд. Ҳаво ҳамчунон ба эътидол наздик буд. Аммо нооромии уқёнус тадриҷан авҷ мегирифт. Ғурриши мавҷҳои хурӯшон аз ҳар тараф шунида мешуд.

Ходимони қитъаи ҳавопаймоён лаҳзаи тамом шудани машварат ва боло баромадани аъзоёни комиссияҳои махсусро бо камоли диққат нигарон буданд. Ана онҳо ба саҳни киштӣ баромаданд. Ба ҳамдигар хайрбод гуфтанд. Гурӯҳе барои савор шудан ба сӯи як ҳавопаймо равона шуд, дастае — ба сӯи ҳавопаймои дигар.

Сарфи назар аз алвонч хӯрдани киштӣ парвози ҳавопаймоҳо хеле хуб оғоз ёфт. Яке аз киштиҳои ҳавоӣ ба тарафи Сан-Франциско роҳ гирифт, дигаре ба самти муқобил — ба Владивосток.

Замине ки бодҳои осмони барин бодшӯяш мекарданд, дар роҳҳои азалии худ ҳамчунон шиновар буд.
Оре, шиновар буд... Вай ба мисли як дона регрезае буд дар масоҳати беандозаи Коиноти беинтиҳо. Фақат дар рӯи он, дар сайёраи Замин одамон мезистанд. Ба қадри тавону тавоноии худ мезистанд ва гоҳ-гоҳе ононро ҳисси кунҷковӣ даст медоду донистан мехостанд, ки оё дар ягон маҳалли дигар мавҷудоте ба монандӣ онҳо ҳаст ё не. Бо ҳамдигар баҳс мекарданд. Фарзияҳо пешниҳод менамуданд, ба Моҳ сафар мекарданд, ба дигар ҷисмҳои осмонӣ аппаратҳои автоматӣ мефиристоданд,

пешина
аз 293
навбатӣ