Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

аз дунболи ӯ ду нафар дастуёрони шонапаҳнаш Абутолибро ҳамроҳӣ мекарданд ва дар фосилае аз онҳо Зарифа ва аз дунболи ӯ Укубала мерафт, ки аз дасти Даул дошта буд. Едигей Эрмекро дар бағал гирифта, андаке аз пас ва аз паҳлӯ қадам мезад. Вай ба худ эб намедид, ки гиристанашро занон ва кӯдакон бубинанд. Роҳ мерафту худ бо худ дар талош буд, зӯр мезад, ки гираҳи лӯндаю гарони дар гулӯяш дармондаро фурӯ барад.
— Ту, Эрмекҷон, писараки боақлӣ. Боақл, а? Ҳа, боақл, ту гиря намекунӣ, хуб? — писарашро ба синааш ҷафс намуда, зери лаб парешонҳолона гап мезад ӯ.
Дар ин асно қатор гашти худро суст намуда, ба истгоҳ наздик мерасид. Вақте паровоз ба онҳо баробар шуду боз кадре пеш гузашт ва баногоҳ сахт фашшос зада, бухори барзиёдашро ба ҳаво сар дод ва дар айни замон чирроси ҳуштаки кондуктор баланд шуд, бача дар бағали Едигей аз тарс як қад парид.
— Натарс, натарс, — гуфт Едигей. — То даме ки ман ҳастам, аз ҳеҷ чиз натарс. Ман ҳамеша ҳамроҳи ту хоҳам буд.
Қатор ғиҷирроси дуру дарози гӯшхароше бароварда бозистод. Вагонҳои аз сармо ва гарди барф сап-сафед гашта бо тирезаҳои яхбастан хираашон қарор гирифтанд. Даме сукунат ҳукмрон шуд, вале дере нагузашта, паровоз боз фашшос зада, буғ сар дод ва ба роҳ омода шуд. Вагони почта аз дунболи вагони бағоҷкаш меистод. Тирезаҳояш шабака доштанд, дари дутабақааш дар мобайни вагон воқеъ буд. Дар аз дарун кушода шуду як марду як зан намудор шуданд, ки фуражкаҳои расмии ходимони почта, шалвору нимтанаҳои пахтадор пӯшида буданд. Зан фонусе дошт ва зоҳиран дар рутба калонтар буд. Зани фарбеҳи синафарохе буд.
— Ҳа, ин шумоед? — гуфт ӯ ва фонусро баробари сараш бардошт, то аз шунахи он чеҳраи хозпрон равшан шавад. — Мо мунтазир. Чой тайёр.
Аз ҳама пеш лочинчашм портфели калонашро бардошта баромад.
— Ҳа, зуд бошед, зудтар, фурсат танг! — дарҳол ба шитоб кунонидан сар карданд он ду нафар.
— Ман зуд меоям! Иштибоҳ шудааст! — саросема мегуфт Абутолиб, — зуд бармегардам, нигарон бошед!
Укубала дигар тоқат карда натавонист. Вақте ки Абутолиб бо кӯдаконаш хайрухуш мекард, бо овози баланд

пешина
аз 293
навбатӣ