Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
31 декабри соли ба поён расида бачаҳои Бӯронӣ дар атрофи арча ва дар рӯи ҳавлӣ то шомгоҳон бозӣ мекарданд. Калонсолони аз навбатдорӣ озод низ ҳамроҳи онҳо буданд. Абутолиб ба Едигей нақл кард, ки саҳарӣ барвақт писараконаш ба сари бистари ӯ омаданд. Ҷунбуҷӯле доштанд, пичир-пичир гап мезаданд, аммо вай худро масти хоб вонамуд мекард.
«— Биҳез, отаяк, биҳез, — мегӯяд Эрмек ва аз дасташ мекашад.— Ҳозир Бобои барфин меояд. Рафта пешвозаш бигирем.
— Хӯб, — мегӯям.— Меоям, гуфта ваъда дода буд. Мана ҳозир мехезем, дастурӯ мешӯем, либосамонро мепӯшему меравем.
— Қадом қатор-катӣ меояд? — калонташ мепурсад.
— Кадомаш, ки бошад,— мегӯям дар ҷавоб.— Барои Бобои барфин қатори дилхоҳаш ҳатто дар дуроҳан мо қарор мегирад.
— Набошад, зудтар баромадан даркор.
Хӯш, ки бошад, мо саросема нашуда, бо тамоми ҷиддият либос пӯшида, тайёр мешавем.
— Оҷаамон чӣ? — савол медиҳад Даул.— Охир вай ҳам мехоҳад Бобои барфинро бубинад.
— Албатта, — мегӯям ман,— албатта. Отаатонро ҳам фарёд кунед.
Ҳама ҷамъ шуда, аз хона баромадем. Бачаҳои пештар гузашта, ба сӯи хонаи навбатдорон тохта рафтанд. Мо аз дунболи онҳо. Бачаҳо ба ин сӯ-он сӯ давиданд, лекин аз Бобои барфин дараке нест.
— Отаяк, ку Бобои барфин? — мепурсад Эрмек ва чашмонаш милт-милт метобанд.
— Ҳозир, як дам сабр кунед. Аз навбатдор мепурсем.
Ба хонаи навбатдорон даромадам. Он ҷо аввали шаб мактубаки бобои барфин ва як халтача савғоти ӯро руст карда монда будам. Берун баромадам, бачаҳо ба пешам давида омаданд.
— Ҳа, отаяк, чӣ шуд?
— Нағз шуд,— мегӯям дар ҷавоб.— Мана, бинед, Бобои барфин ба шумо хат навишта мондааст. Ана хаташ: «Писаракони азиз Даул ва Эрмек! Ман ба дуроҳани машҳури Бӯронии шумо саҳари бармаҳал, соати панҷ омадам. Шумо ҳанӯз дар хоб будед, ҳаво

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё