Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

рафту бачаҳояш ба қадри чунин муҳаббату садоқати падарона нарасанд! Охир дар ҳаёт на ҳамеша гандум кошта, гандум медаравӣ! Гоҳо ба ҷои сипогузорӣ номеҳрубонӣ ва ҳатто нафрат ва адоват мебинӣ. «Худо дар паноҳаш нигаҳ дорад ӯро. Бе ин ҳам сари ин бечора аз мусибат холӣ нест» — аз дил гузаронид Едигей.

Арчаро пеш аз ҳама Даул дид. Хушҳолона фарёд кашиду ба дари хонаашон даромад. Аз он ҷо саросема ва либоси гарм напӯшида, Зарифа ва Эрмек зада баромаданд.

— Арча! Арча! Нигоҳ кун, чӣ хел арча! — аз шодию сурур бонг мезад Даул ва дар гирди одамон ҷасту хез мекард.

Хурсандии Зарифа ҳам аз ин камтар набуд.

— Охир ҳам овардӣ-а! — гуфт ӯ. — Чӣ тавр нағз!

Маълум шуд, ки Эрмек арчаро бори аввал медидааст. Вай ниҳолаки ба китф бардоштаи амаки Едигейро чашм наканда тамошо мекард.

— Оча, арча ҳамин, а? Вай нағз, а? Акнун вай ҳамроҳи мо зиндагонӣ мекунад, а?

— Зарифа, — гуфт Едигей, — аз барои ҳамин ниҳолак шавҳаратро қариб бой мелодӣ. Зудтар ба хона дарору гармаш кун. Аввал мӯзаро аз пояш баровардан лозим.

Мӯза ба пояш часпида буд. Вақте ки ҳама аҳлона амал карда, мӯзаро аз пояш кашиданӣ мешуданд, Абӯтолиб дандон ба дандон монда, рӯй турш менамуд. Хусусан бачаҳо аз тахти дил зӯр мезаданд. Мӯзаҳои вазнину дурушти аз шиддати сармо шах шуда, ба пой сахт часпидаро бо дастакони нозукашон гоҳ аз соқу гаҳе аз пошна дошта мекашиданд.

— Бачаҳо, истед, бачаҳо, халал нарасонед, ҳозир худам мебароварам! — мегуфт Зарифа онҳоро ба каноре бароварданӣ шуда.

Аммо Едигей бо нимовоз ба ӯ маслиҳат дод:

— Кордор нашав, Зарифа. Бимонашон, андак заҳмат кашанд.

Вай бо фаросат дарёфт, ки меҳрубонию ғамхории бачаҳо барои падарашон олитарини мукофотҳост: яъне ки онҳо ба қатори одам даромадаанд, як чизро сарфаҳм мераванд. Кору кирдори хурдиаш хусусан аҷиб ва риққатангез буд. Аз чӣ сабабе бошад, Эрмек падарашро отаяк меномид. Ва касе намегуфт, ки ин тавр нагӯ, отаҷон, ё дадаҷон бигӯ, чунки «отаяк» шакли кӯдак

пешина
аз 293
навбатӣ