Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Силсилаи зоҳиран аҷибу ғариби ҷанозабароне, ки аз трактору уштуру саг иборат буду аз дуроҳаи Бӯронӣ баромада меомад, он рӯз ана ба ҳамин мавқеъ наздик мерасид...

Қабристони Она-Байт ҳам қисса дошт. Дар оғози қисса гуфта мешуд, ки жуань-жуанҳо ки дар асрҳои гузашта Сари Озекро забт кардаанд, ба ҷанговарони асирафтада бағоят бераҳмона муносибат мекардаанд. Агар шароити мусоид ояд, асиронро ба кишварҳои ҳамсоя бурда, ба ғуломӣ мефурӯхтаанд ва ғуломон инро саранҷоми нек мешуморидаанд, чунки дер ё зуд имконияте пайдо мекардаанд, ки ба ватани худ бигурезанд. Тақдири пурваҳшате насиби онҳое мегаштааст, ки жуань-жуанҳо дар хизмати худ бимонанд. Онҳо ба каллаи асири худ ширӣ пӯшонида ва ӯро ба машаққати даҳшатангезе гирифтор мекардаанд. Одатан ҷавонмардони асирафтадаро чунин пешомаде насиб мегаштааст. Аввал сари онҳоро як дона мӯй намонда, бо теғ тоза ме‐тарошидаанд. Дар айни вақт дар гӯшае қассобони ҷобӯкдасти жуань-жуань уштури калонеро сар мезадаанд. Уштурро пӯст канда, аввал қисми ғафстарин ва гаронтарини он — пӯсти гарданро ҷудо карда мегирифтаанд. Ҳамон ҷо пӯстро дар гармогармиаш ба чанд пора тақ‐сим карда, ҳар як пораи онро ба сари тоза тарошидан як асир мекашидаанд. Пӯсти тару гарм матои ширадор барин ба сари луч чиппӣ мечаспидааст, чунон ки дар замони мо шиноварон ба сарашон ҳамин гуна тоқиҳои резинии танг мепӯшанд. Ана ҳамин корро ширӣ пӯ‐шондан меномидаанд. Ҳар касе ки ба сараш ширӣ пӯ‐шонанд, ё ба ранҷу азият тоб оварда натавониста ме‐мурдааст, ё ба тамоми умр аз ҳофиза маҳрум шуда, ба манкурт мубаддал мегаштааст, яъне ғуломе ки ному нишони худро дар ёд надорад. Аз пӯсти гардани як уш‐тур панҷта-шашта ширӣ месохтаанд. Пас аз ширӣ пӯ‐шондан ба гардани асирон кунда мезадаанд, то сари худро ба замин расонида натавонанд. Дар ҳамин ҳолат онҳоро аз иқоматгоҳи одамон дуртар бурда (то ки но‐лаи ҷонгудозашон дигаронро нороҳат накунад), бо дас‐ту пои баста дар саҳрои кушод, зери офтоб бидуни обу ноне мепартофтаанд. Азобу шиканҷа чандин шабонарӯз давом мекардааст. Фақат дар ҷоҳои муайян гурӯҳ-гурӯҳ

1 Ширӣ (хитой) — пӯсте ки аз он саноч ва дигар гуна зарфҳо медӯзанд (мутарҷим).

пешина
аз 293
навбатӣ