Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

аз болои Адил убур мекардааст, баногоҳ яхи рӯи дарё ба ду тараф рафтаасту ҳамаашон ҳамроҳи галаву рамаҳошон ба зери ях даромадаанд...

Мардуми таҳҷоии Сари Озек, яъне номадони ¹ қазоқ, ҳамон замонҳо низ диёри худро тарк накардаанд, дар ҷоҳои нав ҷойҳои тоза кофта зиндагониишонро давом додаанд. Вале давраи пурҷумбуҷӯши таърихи Сари Озек солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфтааст. Автомошинаҳои обкашон пайдо шуданд. Агар ронанда маҳалро хуб донад, бо якта мошина ба се-чор чарогоҳи дурдаст об расонида метавонист. Колхозу совхозҳои вилоятҳои атроф ният доштанд, ки чарогоҳҳои Сари Озекро иҷора гирифта, пойгоҳҳои доимии чорвопарварии бунёд кунанд. Нақшаҳо мекашиданд, ҳисобу китоб мекарданд, ки он иншоотҳо барои хоҷагиҳо ба чанд пул меафтода бошанд. Хайрият, ки шитоб накарда будаанд. Дар атрофи Она-Байт номаълуму ноаён як шаҳри беном — Қуттии почта пайдо гардид. Ҳа, одамон айнан ҳамин тавр мегуфтанд: ба Қуттии почта меравам, дар Қуттии почта будам, фалон чизро аз Қуттии почта харидам, фалониро дар Қуттии почта дидам... Қуттии почта торафт калонтар мешуд, он ҷо биноҳои нав месохтанд, баъдтар рафтуомади берунаҳоро манъ карданд. Роҳи мумфарше онро аз як тараф бо космодром мепайваст, аз тарафи дигар бо истгоҳи роҳи оҳан. Давраи нави ободонии саноатии Сари Озек аз ҳамон ҷо сар шуд. Дар ин ноҳия аз давраҳои гузашта фақат ҳамин қабристони Она-Байт, ҳамин оромгоҳи мӯътабари сокинони Сари Озек боқӣ монд, ки дар сари Экизтеппа ном кӯшапуштае ба ранги кӯҳони уштур воқеъ гашта буд. Дар замони қадим мурдагон одамонро ба ин ҷо аз роҳҳои дур меоварданд, ҳатто ҷанозабаронро лозим меомад, ки дар нимаи роҳ шабе дар дашти кушод бихобанд. Лекин ворисони онҳое, ки дар Она-Байт дафн мешуданд, ҳурмати гузаштагонро ба ҷо овардем, гуфта, ҳаққонӣ фикр мекарданд. Мӯътабартарин ва номдортарин одамонро, ки умри дароз дида, дониши фаровоне андухтаанд ва бо амалу сухани худ дар байни мардум шӯҳрат ёфтаанд, дар ҳамин ҷо ба хок месупориданд. Елизаров, ки аз ҳама воқеаҳо хабар дорад, ин ҷоро пантеони ² Сари Озек меномад.

1 Номад (юнонии қад.) — бодиянишин (шарҳи тарҷумон).
2 Пантеон (юн.) — мақбараи одамони машҳур (мутарҷим).

пешина
аз 293
навбатӣ