Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
«Конвенция» дар уқёнуси кушод хатаре надоштанд. Мавриди дигар мешуд, вай аз ҷои истодааш заррае намеҷунбид. Лекин ҳоло ҳар дақиқа интизор буданд, ки хавопаймоҳои комиссияҳои фавқулодда пас аз анҷоми машвараташон бо мақомҳои болой баргашта, ба саҳни киштӣ хоҳанд нишаст. Аз ин сабаб киштӣ рӯй ба ҷониби бод овард, то ки алвонҷи арзиаш писанда гардад. Рафти корҳо мӯътадил буд. Аввал лайнери аз Сан-Франциско омада нишаст, баъд — хавопаймое ки аз Владивосток баргашта буд.
Комиссияҳо дар ҳамон ҳайати пурраи худ баргаштанд. Ҳама хомӯш буданд, аз андоми ҳама нишонаи изтироб хонда мешуд. Пас аз понздаҳ дақиқа ба машварати пӯшидаи якҷоя сар карданд. Баъди панҷ дақиқаи дигар ба кайҳон, ба қароргоҳи мадории «Паритет» барои фиристодан ба паритет-кайҳоннавардони 1-2 ва 2-1 дар Фалаки Дастгир радиограммаи махфии таъҷилӣ роҳӣ карда шуд: «Барои кайҳоннавардони муфаттиши 1-2 ва 2-1 дар қароргоҳи мадории «Паритет». Паритет — кайҳоннавардони 1-2 ва 2-1, ки берун аз Системаи Офтоб мебошанд, огоҳонида шаванд, ки ягон иқдоме пеш нагиранд. То фармони махсуси Мармутидор дар ҷойҳои худ бимонанд».
Сипас комиссияҳои фавқулодда бидуни таваққуф оид ба ҳалли бӯҳрони кайҳонӣ ба изҳори ақида ва пешниҳодоти тарафайн пардохтанд...
Хавопаймобари «Конвенция» дар миёни амвоҷи ноорому бекарони Уқёнуси Ором рӯ ба ҷониби вазиши бод қарор гирифта буд. Касе дар олам огоҳ набуд, ки дар ин асно дар саҳни он киштӣ тақдири кулли сайёра ҳал мешавад...
Қаторҳо дар ин ноҳия аз шарқ ба ғарб мегузаштанду аз ғарб ба шарқ...
Аз ду самти роҳ дар ин ноҳия Сари Озек, ба қавли мардуми таҳҷой, Мардумаки зарди биёбон, яъне Миёнадаштҳои малларанги нопайдоканор тӯл мекашиданд...
Дар ин ноҳия ҳама гуна масофаҳоро дар қиёси дур ё наздик будани роҳи оҳан чен мекарданд, чунон ки дар дигар ҷоҳо дар қиёси хати Гринвич чен мекунанд...
Оре, қаторҳо аз шарқ ба ғарб мерафтанду аз ғарб ба шарқ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё