Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ин чизҳо муҳокимаю мулоҳиза ронад? Як марди коргар, як марди биёбонӣ, ки дар рӯи дунё аз ин тоифа лак дар лак ёфт мешавад. Дар зиндагонӣ кадом чиз аз рӯи инсоф асту кадомаш хилофи адолат аст, гуфта, ҳастии худро ба изтироб андохтан, виҷдони худро нороҳат кардан ва оташин шуданро ба ӯ кӣ мондааст? Зоҳиран дар он ҷоҳое, ки ин масъалаҳо ба миён омадаанд, одамоне нишастаанд, ки назар ба ӯ, ба Едигей Бӯрони ҳазор маротиба донишмандтаранд. Вай дар дашти Сари Озек гашта чиро мебинад? Оё ин кори вай аст?
Бо вуҷуди ин Едигей таскин намеёфт. Ва аз чӣ сабабе бошад, бештар барои Зарифа ғам мехӯрд. Вай аз сидқу вафои ӯ дар шигифт монда, ба пурбардоштӣ ва устувориҳои ӯ дар талоши зидди носозгориҳо тан дода буд. Ӯ ба мургаке шабоҳат дошт, ки болҳои худро ёзонида, ошёнашро аз тӯфонҳо ҳимоят мекунад. Зани дигар мешуд, оби дидаашро мерехт-мерехту таслим мешуд, ба назди хешовандонаш рафта, сар ба тавозӯъ фуруд меовард. Зарифа бошад, бад-баробари шавҳараш подоши он чизеро ки аз ҷанги гузашта монда буд, мепардохт. Ва Едигейро маҳз ҳамин вазъият бештар аз ҳама ва бар хилофи ҳама ба изтироб меафканд, хусусан, ки вай тавоне надошт, ки фарзандони Зарифаро ё шавҳари ӯро пуштибонӣ кунад... Дертар лаҳзаҳое даррасиданд, ки Едигей афсӯс мехӯрд, сахт таассуф мекард, ки чаро сарнавишти фитнакор ин оиларо оварда-оварда ба дуроҳои Бӯрони андохт? Чаро дили ӯро ғамхона кард? Беҳтараш намедиду намесӯхт. Осуда буд мисли пешина...
VI
Дар нимаи дуюми рӯз дар Уқёнуси Ором, дар самти ҷануби Ҷазираҳои Алеут мавҷҳо ба ҷунбиш омаданд. Боди ҷанубу шарқие, ки аз поингоҳи қитъаи Америка сар зада буд, тадриҷан қувват мегирифт ва ҳадафу мароми худро торафт муайянтар ва устувортар менамуд. Ва инак, дар масоҳати бузурге об ба ҳаракат даромад, гаронборона ин сӯву он сӯ алвонҷ хӯрда шалаппос мезад. Мавҷҳо дунболи ҳам ба тохтутоз даромаданд. Ин аломате буд, ки тӯфон нахезад ҳам дере нагузашта уқёнус сахт ноором хоҳад шуд.
Ин қабил мавҷҳо барои киштии ҳавопаймобари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё