33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Сабабаш пеш аз ҳама дар муайян набудани насаб ё номи хонавода, ки онро фамилия мегуфтем, мебошад.
Ман тарафдори насабсозӣ ё фамилясозии ягона мебошам. Иқрор бояд шуд, ки дар фомилсозии мо ҳарҷу марҷ ниҳоят зиёд аст. Мо он қадар гунасозиро дўст медорем, ки 16 ё 18 гунаи фомилсозиро пешниҳод карда будем. Ана ҳамин сабаб шуда, ки бисёр тоҷикон роҳгуманд, ки ному насаби худро дар шиносномаву ҳуҷҷатҳо чӣ гуна нависанд. Ҳатто имрўз дар журналҳои синфӣ муаллим намедонад, ки ба ҷои фамилия чиро нависад. Дар мо бештари номҳо номи шахс ва падар аст, вале насаб нест. Тоҷикон аз қадим насаб ё номи хонавода доштанд. Насаби тоҷикӣ ба воситаи пасванди –он бо гунаҳояш – ён, - гон сохта мешуд. Диққат диҳед: Зангаи Шоварон, Гударзи Кашводагон, Қорани Ковиён, Сомониён, Сосониён. Агар дар шўъбаҳои шиносномадиҳӣ як гуна ё варианти тарзи насабсозӣ роҳандозӣ мешуд, ин низом ба тартиб медаромад. Масалан аз рўи нақшаи ФИО аввал насаб, сонӣ номи шахс баъд номи падар меомад, хуб мешуд. Ин корро аз рўи гунаи зерин метавон анҷом дод:
Насаб ё фамилия/ номи шахс/ номи падар Сомониён Исмоил Аҳмад Таъкид мекунем, ки дар шиноснома бандаки изофии –и наояд хубтар аст. Масалан Саидои Асрор набошад, балки Саидо Асрор бошад, беҳтар аст. Зеро бандаки изофиро ғайр аз тоҷикон дигар миллатҳо намефаҳманд, аз ин рў номи Саидоро Саидои гуфта, мехонанд.
Ҳоло ки лоиҳаи Қонун дар Маҷлиси Олӣ тасдиқ нашудааст, чанд пешниҳод доштам.
- Ба тазъиқу фишори беруна ва манқуртони дохилӣ нигоҳ накарда, кўшиш ба харҷ бояд дод, ки моддае бо номи забони муошират ворид нагардад; 2. Дар боби 5, ки Забони номгузорӣ ном дорад, чунин ҷумла илова шавад: «Насаб, ном ва номи падари ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз рўи насабсозии тоҷикона сурат гирад». Тарзи якхелаи насабсозӣ бошад, аз тарафи Ҳукумат тасдиқ шуда, ба шўъбаҳои марбута равон карда шавад.
Дар ин ҷо суоле меафтад, ки онҳое, ки аз замони шўравӣ бо фамилияи – ов, -ев ва номи падар бо –ович ва –евич омадаанд, чӣ кор кунанд? Ғайр аз ин онҳо ду ё се ҳуҷҷат доранд. Ҷавоби ин хеле содда аст. Онҳо дар фамилия ба ҷои –ов, –еви русӣ –ён, - гони тоҷикиро иваз карда, аз номи падар –евичро мепартоянд ва танҳо шиноснома ё паспорташонро иваз мекунанд, кифоя аст. Барои ҳуҷҷатҳои дигар билети ҳарбӣ, дипломҳо ва ғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё