33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Мавҷудияти як қавми бузург, 7 -
8 млн дар Тоҷикистон, миқдори номуайяни аз 10 то 20 млн дар Ўзбекистону Чин ва дигар мамолик, ки худро дар ҳама давру замон, пушт ба пушт тоҷику тоҷдор, яъне подшоҳу асилзода ва озода номидаанду меноманд, бисёр далели воқеӣ ва мўътамад буда, ҳама гуна далелҳои дигарро ба тахминҳои беасос мубаддал мегардонад.
Этноними тоҷик солҳо боз мавриди омўзиш қарор гирифта, перомуни он афкори мухталиф ба миён омадааст. Устод С. Айнӣ дар мақолааш «Маънои калимаи тоҷик» ин афкори мухталифаро мавриди муҳокима қарор дода, суханони арзишманд баён намудааст.
Мақсад дар ин ҷо ин мақолаҳоро муҳокима кардан набуда, тавассути қонуниятҳои фонетикӣ, такя ба мисолҳои мушаххас, аз тоҷ пайдо шудани калимаи тоҷик баён мегардад. Дар аввал вожаи тоҷик ба қисмҳо ҷудо карда шуда, ба воситаи мисолҳои матраҳгардида ҳар як шарҳи додашуда асоснок ва мустаҳкам гардонида мешавад. Дар охир тавассути ҷадвал вожаҳои монанд чун муқоиса гузошта мешаванд.
Мақсад таркиби калимаи тоҷик аст. Ба фикри мо калима аз се ҷузъ (морфема) иборат аст: решаи тоҷ, пасванди -ӣ ва ҳарфи -к.
Бояд гуфт, ки ҳамсадои к дар охири ин вожа чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:
Ҳиҷоро мебандад. Табиати забони тоҷикӣ чунин аст, ки ҳангоми вожасозӣ калимаҳо бештар бо ҳамсадо ба охир мерасанд. Дар вожаи тоҷӣ ҳиҷои кушодаи -ӣ- , ки бо садонок тамом шудааст, ҳамсадои к гирифта, ҳиҷои баста мешавад. Барои муқоиса калимаҳои торӣ(к), ости(н), гушти(н), зами(н)-ро меорем, ки ин калимаҳо аз рўи қонунияти овозии забон, барои хушоҳанг шудан ҳамсадо қабул намудаанд. Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё