33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Аммо ба эътирози зиёди одамон нигоҳ накарда, бачаҳо ҳам баъзан шимкалта (шортик) пўшида, пойҳои пурпашми худро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шамол дода, аз духтарҳои навтоҷик пас намемонанд.
Муд аз ҳар ҷои либос андак-андак бурида мегирад. Агар ҳамин ҷўр рафтан гирад, аз пўшок на абра мемонад на астар. Кӣ медонад, сад сол баъд одамон бо либоси белибосӣ ба кўчаҳо мебароянд ва шояд ин белибосиро ончунон ҷомаи шаҳомат пўшонанд, ки… Хайрият зимистон ҳаст, набошад ёде аз пўшок шояд накунанд. Пас пеши роҳи ин аждари фарҳангхўрро бояд гирифт.
Чӣ бояд ?
- Тарғиби (рекламаи) ҳама гуна нимбараҳнагӣ барҳам дода шавад, то ки он ба пурбараҳнагӣ оварда нарасонад.
- Асос мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аст. Чун мактаб ҷои тарбия, ахлоқ ва одоб аст, дар Дастуруламали Вазорати маориф бояд ин ҷумлаҳо сабт ёбанд: Толибилмон новобаста аз ҷинс бояд либосе пўшанд, ки шакли аслии бадан намоиш дода нашавад, бо дарназардошти қоидаҳои дар боло гуфташуда.
- Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ба ҷои гарданзеб (галстук) духтарон рўмол ва писарон тоқиҳое ба сурати Парчами ҶТ ва Нишони ҶТ бипўшанд.
Ҳамаи инҳоро дар зери шиори дўстдоштаи директорон «либоси ягонаи мактабӣ» метавон созмон дод. Ё шояд инҳо орзуе ҳастанду бас?
Ба қавли русҳои замони СССР «Мечтать невредно!»
«СССР»\9.10.2008.
Вазорати маориф метавонад!
Ё чаро унвонҳои илмиии як кишвари соҳибистиқлол бояд дар дигар мамлакат тасдиқ шавад?
Дотсент аз Маскав
Баъди ҳимояи рисолаи номзадию докторӣ ва гузаштани мӯҳлати муайян шӯрои олимони факултет олимонро ба вазифаи дотсентӣ ва профессорӣ ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешбарӣ мекунад. Пас аз гузаштани Шӯрои олимон даводаву саргардониҳо сар мешавад. Яъне, ҳуҷҷатҳои зиёдеро омода бояд кард. Масалан, мутобиқи муқаррароти мавҷуда аз рӯи талаботҳои нав ҳар як олим бояд 20% асарҳои худро ба русӣ баргардонад, яъне агар як китобаш 300 саҳифа бошад, бояд 60 саҳифаи онро русӣ кунад. Ғайри ин ҳамаи қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба русӣ таҳия намуда, ба Маскав фиристад, то ки сазовори унвони дотсентӣ гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё