Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ё таҳти таъсири ҳамон психологияи замони шўравӣ монда, аз саҳни мактаб сар мекунанд: «духтар рўмолта гир, манашка рўмолта бги, кампирак рўмол надоз». Онҳо бо баҳонаи либоси ягонаи мактабӣ ин корро мекунанд. Вале боре ба худ наандешидаанд, ки шояд рўймоли ягонаи мактабӣ созмон диҳем, то ҳам либоси ягона риоя шаваду ҳам дастуруламал иҷро шавад ва низ аз ҳама асосӣ як урфу одати либоспўшии шарқиёна, ки қариб аз байн рафта истодааст, эҳё гардад. Яъне ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Ё демократия ба ин иҷозат намедиҳад? Ҳар рўз рўймолро аз сари мусалмондухтарҳои боиффат гирифта мепартоянд, демократия вайрон намешавад. Агар духтарҳо эътироз кунанд, «ҳоло демократия» - гуфта, боз табассум ҳам мекунанд». Оё маҷбур кунӣ, ки сарлуч шав, демократия мешавад? Э қанд занед, нимчадемократҳо. Чаро мо демократияро яктарафа мефаҳмему баҳо медиҳем?
Вазифаи либос пўшондан аст
Мақсад аз пўшок ин баргардонидани шакли аслии бадан аст ба бар навъи худи либос. Маънои луғавии либоси арабӣ ва пўшоки тоҷикӣ қариб, ки як аст. Яъне аз назарҳо дур доштани шакли аслии бадан. Либосе, ки шакли аслии баданро нишон медиҳад, вазифаи аслии худро адо накардааст. Ин гуна либос се навъ аст:

  1. Либосе, ки нимбараҳна мегирад. Ё то зону, то рон ё шикаму дигар аъзоро ба намоиш мегузорад; 2. Ҳарири тунук, ки аз пушти он бадан намоён шуда меистад; 3. Либоси танг, ки шакли аслии баданро пеши чашмон мегузорад.
    Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ин се навъи либос ё беҳтараш бараҳнагӣ гўем, зиёдтар ба чашм мехўрад. Тоҷикони фориғбол ҳоло ҳам бараҳнагиро аз пўшок фарқ нагузоштаанд. Яъне дар муқобалаи ин се навъи бараҳнагӣ баҳри зану мард мо бояд се қоидаро пеш гузорем:
  2. Пўшоке, ки ғайр аз рў, нисфи гардан, нисфи даст ва то буҷулаки по дигар ҳама ҷоро пўшонад; 2. Матоъи нисбатан ғафстар, ки аз пушти он бадан натобад; 3. Бо назардошти ду қоидаи боло либоси фарохтар, ки дар бадан начаспад.
    Таъкидан мегўем, ки дар хусуси ранги либос ва навъи матоъ пўшанда бояд соҳибихтиёр бошад. Зеро ин ду чиз ҳусни ҷомеа ва иффати шарқиёнаро халалдор нахоҳанд кард.
    Ду ҷумла барои онҳое, ки нимчадемократанду демократияро танҳо дар юбкаҳои ғарбӣ мебинанд. Дар Амрико барин ҳомии демократияи ҷаҳонӣ ба хотири оромии ҷомеа, бехатарӣ ва ғ. қонунҳое қабул шуда, ки озодии баъзеҳоро маҳдуд мекунад.
пешина
аз 161
навбатӣ