33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Дар хусуси рӯймол бошад, ҳоҷати гап ҳам нест. Аз мактаби миёна сар карда, мо бо рӯймол ҷанг эълон кардаем. Боз ҳамон шиори "либоси ягонаи мактабӣ". Директорон дар саҳни мактаб истода, духтаронро маҷбур месозанд, ки рӯймол аз сар гиранд. Бале ин шиор баҳонаи хубест барои бараҳнасозии сари духтари тоҷик! Ин ибтидои бараҳнагист. Юбкаҳои толибаҳо низ дӯхтаи дасти ҳамон бараҳнасозони ғарбист ва ба одобу ахлоқи мардуми мо муқобил аст.
Ин ҷо суханони ҷаноби олӣ Э.Ш.Раҳмонов дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф ба хотир меояд, ки мо фарзандонамонро набояд бо либоси дискотека ва дискоклубҳои ғарбӣ ба мактаб фиристем! (мазмунан). Пас аз ин ҷо маълум мешавад, ки ин фармони ҳукумат нест. Пас ин "ихтирои" худи директорон аст.
Агар мақсад аз мактаб таълим бошад, пас ман бо боварӣ мегӯям, ки духтар бо сарашро бараҳна кардан саводаш зиёд намешавад!
Агар максад аз мактаб тарбия бошад, пас ман бо итминон мегӯям, ки бо рӯймолро партофтани духтар тарбия кардани ӯ боз душвортар мегардад. Ин ҷо ба ёд меояд он шарму иффати шарқиёна ва он одобу имони бо ислом ташаккулёфта.
Агар баҳона демократия бошад, пас он чӣ гуна озодӣ аст, ки духтар наметавонад либоси шарқиёнаи худро ба бар кунад? Чаро дар мактабҳои миёна озодиро яктарафа мефаҳманду амал мекунанд?
Магар демократия бараҳнагист? Ё аз назари баъзе олуфтаҳои шаҳрӣ либоси миллӣ қишлоқӣ менамояд?! Чӣ тавре ки онҳо бо забони худсохти нимрусию нимтоҷикӣ гап зада, инро маданият меҳисобанд, либоси миллиро низ чашми дидан надоранд.
Чингиз Айтматов шахсони бехабар аз гузаштаи худро манқурт номидааст. Оё ин бегонапарастӣ ҳамон манқуртро ба ёд намеорад?
Ин аст, ки аксари падару модарон аз синфи 7, 8, 9 духтарони худро аз мактабҳо мегиранд. Сабабаш маҳз дар шарқӣ набудани мактабҳои мост. Албатта падару модарон медонанд, ки "талаби илм фарз аст бар зану мард", вале савдоҳои ошиқонаи хатмкунандаҳоро дар "занги охирин" дида, аз баҳри хонондани ҷигарбандонашон мебароянд.
Аз ин рӯ таклиф мекардам, ки барои санҷиш дар мактабҳои миёна як синфи духтарона таъсис бидиҳанд, то ки духтарон бо хоҳиши худ либоси миллӣ пӯшанд ва аз мактаби миёна сар карда, бо шарму ҳаё ба воя расанд.
Гумроҳӣ дар ифтихор Замони донишҷӯӣ як воқеа ҳеҷ аз ёдам намеравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё