Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фасли солро ифода мекунад; 5. Рӯҳияи шахсро нишон медиҳад; 6. Тӯю сур ва азою мотамро бозгӯ мекунад; 7. Ифодагари имону тақвост.
Хуллас, дар ҳар маъние, ки нагирем, ин пешгӯии паёмбар қобили қабул аст. Зеро он аз таҷрибаи ҳаёт гирифта шудааст. Воқеан, тамоми ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) заминаи ҳаётӣ дошта, аз таҷрибаи рӯзгор сарчашма доранд. Агар либос чунин хусусиятҳоро доро бошад, пас либоси аҳли ҷамъият бояд зери таваҷҷӯҳи ҳама қарор дошта бошад.
Маънии пӯшок ва мақсад аз он
Либос аз масдари арабии лабаса гирифта шуда, маънояш пӯшонидан аст. Адиби эронӣ Ғуломалии Ҳаддоди Одил дар китобчаи хеш "Фарҳанги бараҳнагӣ ва бараҳнагии фарҳангӣ" либосро аз масдари лабиса (бо касри бо) медонад. Маънии лабиса баргардонидани шакли аслии бадан ба сурати дигар аст. Дар ҳар ду шакл (ҳам лабаса ва ҳам лабиса) як маъно нуҳуфтааст - пӯшондани бадани бараҳна ва аз назарҳо ноаён сохтани он. Яъне вазифаи аслии либос баданро пӯшонидан аст. Пас ин ҷо чанд суоле пайдо мешавад:
Одамон либосро ба кадом мақсад ба бар мекарданд? Ихтирои либос ба чӣ мақсад сурат гирифтааст? Бо кадом мақсад одам бояд баданашро пӯшонад? Чӣ инсони луч ба дунё омадаро маҷбур месозад, ки баданашро аз урёнӣ нигоҳ дорад?
Ин суолҳое ҳастанд, ки мавзӯи баҳси ҳам мардумшиносон (этнографҳо) ва ҳам ҷомеашиносон (сотсиологҳо) қарор гирифтаанд.
Ба ақидаи мо, ду чиз инсонро водор сохтааст, ки пӯшиш ба бар кунад: Аввалан, ҷамъият; сониян, табиат.
Аз нуқтаи назари биологӣ ва ҳам аз нигоҳи динӣ инсони аввалин дар минтақаҳои гарм, ки талабот ба либос камтар аст, пайдо шуда, зиндагӣ кардааст. Имрӯз ҳам дар Африқову Ҳиндустон баъзе қабилаҳо нимбараҳна ё пурра бараҳна умр ба сар мебаранд. Либосро ҷамъият ба вуҷуд овардааст, либос ҳам мисли забон зодаи ҷамъият аст.
Пӯшонидани ҷоҳои дурушту нозеби бадан дар ибтидо ва пайдо шудани шарму ҳаё ба инкишоф ёфтани маданияту фарҳанг асос шудаанд. Бояд гуфт, ки либос ин ибтидои сивилизатсияи инсонӣ аст.
Пас мо талаботи ҷамъиятии либосро дар ҷои аввал ва талаботи табиъии либосро дар ҷои дуюм мегузорем. Гарчанде ки саҳми талаботи табиъии либос дар пайдо шудани пӯшишҳои гуногун кам нест.

пешина
аз 161
навбатӣ