33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ва он кори басо мушкил низ ҳаст. Касе ба ин иқдом мекунад, ки пуштибоне чун Холиқи якто дошта бошад ва ило натиҷааш ниҳоят кулфатбор хоҳад буд.
Аз куҷо пайдо шудаанд ин одатҳо, аввали онро кӣ дидааст, ки он шомил шудааст ба қонуни «Кӣ аввал…»? Гумон меравад, ки ҳар одате, ки як пушт гашт, ба расм ё оин табдил меёбад ва аз байн бурдани он маҳол мешавад.
Сангчагардонӣ дар Кўлоб
Тасаввур кунед, шахсе аз навоҳии Кўлоб барои дар рўзи ҷумъагии падараш тасбеҳ гардонидан аз сангчаҳо истифода намуд. Ман, шахсан номи ў ва падарашро медонам ва медонам, ки аввалин маротиба ў дар ҷумъагии падараш сангча ҷамъоварӣ намуд ва тамоми сол бо он сангчаҳо Хатми хўҷа ё хоҷагон, ки ҳазор бор сураи Ихлос хонда мешавад, гузаронида шуд. Чун сол ба охир расид, он сангчаҳоро дар гирди гўри падараш рехт. Ҳамин тавр ин кор аввал дар як деҳа ва баъд оҳиста – оҳиста дар тамоми вилояти собиқ паҳн шуд. Ин расм агар чанд соли дигар идома ёбад, аҷаб нест дар борааш ҳадис низ ёбанд.
Гумони ғолиб он аст, ки бисёр расму оинҳо ба ҳамин минвол пайдо шудааанд.
Ҷуръати Умар (Р)
Нақл аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) баъзе вақти худро дар сояи дарахте мегузарониданд. Баъди вафоти он ҳазрат (с) мардум он дарахтро муборак ҳисобида, иззату икром намуданд. Ҳазрати Умар он дарахтро буриданд. Чун мардум барои зиёрати он дарахт омаданд, дарахтро надиданд. Дар ғазаб шуда, буррандаи онро ҷўё шуданд.
Ҳазрати Умар (р) миёни он издиҳом баромада, арз намуд, ки дарахтро ў буридааст. Сабаб пурсиданд. Гуфт: - Бар шумо тарсидам аз ин дарахт, ки онро чунин иззату икром намудед. Мабод, ки рўзе бар он саҷда биёред. Аз ин рў онро буридам.
Ин нақл далели муҳкам аст барои он ашхосе, ки ашёе аз волидайни гузаштаи худро чун ашёи муборак дар хона нигоҳ медоранд ва онро ҳамчун як чизи муқаддас меҳисобанд. Яъне, ашё ҳеҷ гоҳ муборак буда наметавонад. Чун баракату раҳмат ва ризқ ҳама аз ҷониби Худост (ҷ).
Ҳоким андар тафаккур
Қонуни «Кӣ аввал…» дар тафаккуру навиштаҳои мо низ басе ҳукумат дорад. Масалан, шахсе перомуни шоҳбайти шоире мақола дарҷ мекунад. Ҳафтае баъд шахси дигаре таъкид мекунад, ки ин мавзўъро фалонӣ дар фалон асараш қайд карда будааст. Яъне, аввал ў гуфтааст ва ту дер кардӣ, набояд инро мегуфтӣ. Ҳол он ки «ош дар чанд дег чанд мазза дорад», гуфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё