Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фасли 4. Психологияи ҷамъият

Қонуни «Кӣ аввал омад…»

Ман малак будаму фирдавси барин ҷоям буд, Одам овард дар ин дайри харобободам.
Ҳофиз
Аввал яке аз 99 номи Худост. Охир низ аз асмои Худовандист.
Таълимоти тавҳидӣ «Худо аввалест, ки аввали ўро бидоят нест ва охирест, ки охири ўро ниҳоят нест» басо ибратомўз аст.
Қонуни «Кӣ аввал…» қонуни нонавиштаест, ки дар ҳаёти мо, дар тамоми кору фаъолият ва ҳатто дар тафаккури мо ҷой гирифтааст.
Зимнан ҳама ба он тобеъ аст, касе зидд нест ва гўё огоҳона ё фориғболона ба он сар фуровардаанд. Аслан ин қонунро касе набаровардааст. Парлумоне онро бо роҳи овоздиҳӣ тасдиқу расмият набахшидааст. Вале ин қонуни ғайрирасмӣ аз ҳама қонунҳои дигар амалитару ҷонноктар ва иҷроиши он бе полису милисаву банду зиндон роҳитар аст. Ҳар лаҳза мебинем, ки зиндагии мо ба мисли пойгаҳи аспон аст: Ҳар кӣ аввал бо аспаш омад, ғолиб ўст.
Файласуфон чӣ қонунҳое, ки намебароранд: қонуни муборизаи баҳамзидҳо, қонуни гузаштани тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ ва баръакс, қонуни инкори инкор. Физикҳо низ дар қонунбарорӣ ҳамто надоранд: қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ (қонуни Ниютон), қонуни Ом ва ғ. Қонунҳои ҳуқуқӣ бошад, аз ҳад зиёданд. Вале қонуни «Кӣ аввал…» -ро касе гўё ҳис намекунад, вале ҳама дармондаи ин қонуни нонавиштаи ҳаётанд. Ў қонуни ҳоким аст.
Ҳокими мусофиркаш
Ба мусофиркаш (автобус) медароед, дар он ҷо ҳамагӣ 20 ҷойи нишаст. 20 нафар нишастаанд, ҳамин қадар одами дигар ё аз ин зиёдтар рост истодаанд. Касе эътироз намекунад, ки чаро инҳо нишастаанд. Охир ҳама баробар, якхел роҳкиро додаанд-ку?! Ҳа, фаҳмо, инҳо аввалтар омадаанд. Яке мехезаду пиреро ҷой медиҳад.
Пир миннатдор шуда, дуои нек мекунад, ки ин ҷойи бо қонуни мазкур гирифтаашро ба ў дод. Дигарон ҳамагӣ тобеъ ба қонуни мо хомўшанд.
Ногоҳ ҷавони бебоке вориди мусофиркаш мегардад ва ҷавони дигари ҳамсиннусоли худро бо зўрӣ аз ҷояш мехезонаду ба ҷойи вай менишинад. Ҳама ба ў бо нафрат нигоҳ мекунанд, ки қонуни «Кӣ аввал…»-ро вайрон кард. Ў ҷинояткор аст, ки қонунро вайрон кард.
Ин ҷо гап сари он намеравад, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Ин ҷо сухан сари он аст, ки ҳама аҳли мусофирон ба қонуни «Кӣ аввал…» тобеъ мебошанд ва аз он арҷ мегузоранд ва ҳар вайронкунандаи он дар назари онҳо аз ҷинояткор камтар нест.

пешина
аз 161
навбатӣ