Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Масалан, «Гирифтани Офтоб натиҷаи миёни Офтобу Замин ҷойгир шудани Моҳ ё ба Замин афтидани сояи Моҳ аст». Дар ин таъриф тарзи генетикӣ гирифтани Офтоб баён шудааст. Файласуфи англис -Томас Гоббс таърифи генетикии зеринро додаст: «Давра - шаклест, ки дар натиҷаи давр занонидани порчаи хатти рост дар атрофии яке аз нўгҳояш дар ҳамворӣ пайдо мешавад».
Таърифи генетикиро барои муқаррар намудани обьектҳои оддӣ, масалан, обектҳои геометрӣ истифода бурдан дуруст аст. Лекин ҳангоми муайян кардани зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ, танҳо таъкид намудани пайдоиши онҳо кифоя нест. Ғайр аз пайдоиш, бояд дорои кадом сифатҳо будани онҳо, низ таъкид шавад. Масалан, В И. Ленин баробари муайян намудани миллат на фақат пайдоиши онро, балки нишонаҳои муҳимтарини миллатро номбар кардааст. Бинобар ин, ҳангоми таърифи зуҳуроти иҷтимоӣ ҷоиз аст, ки ба таърифи генетикӣ таърифи атрибутивӣ илова шавад ё ки дар як таъриф ҳам пайдоиш ва ҳам хусусиятҳои муҳими зуҳуроти таърифшаванда таъкид шавад.
Таърифи оператсионалӣ (амалӣ), таърифест, ки дар он ашё тавассути таъкид намудани амалҳо ҷудо карда мешавад ва ин амалҳо барои шинохтани ашё кўмак мерасонанд. Масалан, «Кислота моъеест, ки ҳангоми ба вай ғутонидани коғази лакмусӣ ранги коғаз сурх мешавад». Дар ин ҷо мақоми фасл ё нишонаи навъиро амали шинохтан мегирад.

  1. Таърифи ноошкор

Таъриф аз рўи муносибати мафҳуми таърифшаванда бо мафҳуми ба он муқобил. Ин навъи таъриф дар фалсафа ниҳоят маъмул мебошад. Дар он, яку якбора, ду истилоҳ муайян карда мешавад. Яъне муносибати ашёе, ки тавассути истилоҳ ифода шудааст бо чизҳои истилоҳи дигар муқаррар карда мешавад. Масалан, сабаб зуҳуротест, ки дар шароитҳои муайян ногузир зуҳуроти дигареро ба вуҷуд меоварад ва онро натиҷа меноманд. Айнан ҳамин тавр, ҳангоми таърифи мода (материя) онро бо шуур муқобил гузошта, муносибати байни онҳо таъкид мешавад ва ғайра.
Таърифи матнӣ. Дар таърифҳои матнӣ мазмун ва маънои матне, ки истилоҳи таърифшавандаро фаро гирифтааст ошкор мешавад. Масалан мантиқшиноси поландӣ А. Тарский ибораи « ҳақ аст» - ро чунин муайян кардааст: Гуфтори «Барф сафед мебошад» ҳақ аст ва фақат дар ҳамон маврид, ки агар барф сафед бошад. Ё худ дар намуди умумӣ, «Гуфтори «Р»
ҳақ аст, фақат ва фақат дар ҳамон маврид, ки агар Р – «ҳақ» бошад». Ин гуна таърифи матнӣ шакли зеринро дорад: К(a) ≡Т. Дар ин ҷо (≡)- «аз рўи таъриф эквивалент мебошад»; а – ибораи таърифшаванда, ки ба ибораи мураккаби К дохил аст.

пешина
аз 262
навбатӣ