Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

нишонаҳои фаслсозанд, ки бо ёрии онҳо капитализм ҳамчун фасл (ё мафҳуми навъӣ) аз фаслҳои дигари форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ фарқ кунонида мешавад.
Дар таърифи «Мантиқ- илмест, ки шаклҳо ва қонунҳои тафакурро меомўзад», «мантиқ» фасл ё худ мафҳуми навъии таърифшаванда, «илм»- ҷинси наздик ва «шаклҳо ва қонунҳои тафакурро меомўзад» нишонаҳои фаслсоз мебошанд. Мисоли дигар: «Давлати истисморӣ - ташкилоти сиёсии синфӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмронест, ки муқобилияти синфҳои мазлумро тазъиқ дода, тартиботи мавҷударо муҳофизат мекунад. Дар ин ҷо, мафҳуми «давлати истисморӣ» - фасл, «ташкилоти сиёсии синфӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмрон» - ҷинси наздик ва «муқобилияти синфҳои мазлумро тазъиқ дода, тартиботи мавҷударо муҳофизат мекунад» нишонаҳои фаслсоз мебошанд.
Таъриф тавассути ҷинси наздик ва фаслро дар намуди умумиаш ба шакли зерин ифода кардан мумкин аст: А=df ВС. Дар ин ҷо А – чизи таърифшаванда, В – ҷинси наздик ва С – нишонаҳои фаслсозанд. Ин таъриф махсусан дар илмҳои гуманитарӣ васеъ истифода мешавад. Масалан, яке аз мафҳумҳои илми криминалистика ин тавр таъриф дода шудааст: «Тавсияномаи криминалистӣ гуфта маслиҳати амалиеро меноманд, ки илман асоснок буда, расман маъқул дониста шудаанд. Маслиҳатҳои мазкур аз интихоб ва татбиқи васоити техникию криминалистӣ сар карда, то усулҳою тарзҳои ҷо ба ҷо гузории натиҷаҳои тадқиқоти криминалистӣ, инчунин, тарзҳои гуногуни истифодаи исботро фаро мегирад».
Дар ин таъриф низ тавсияномаи криминалистӣ тавассути нишонаҳои фаслсозаш, ки мо онҳоро зикр кардем, аз байни маҷмўи маслиҳатҳои амалӣ ҷудо карда шудааст. Маҷмўи чизҳое, ки аз байни онҳо чизҳои таърифшаванда ҷудо мешаванд (дар мисоли мо маслиҳатҳои амалӣ) ҷинс ном дорад. Нишонаҳое, ки тавассути онҳо чизҳои таърифшаванда ҷудо мешаванд, нишонаи навъӣ ё фасл номида мешавад.
Таърифи атрибутивӣ (сифатӣ). Агар нишонаҳои фаслсози чизи таърифшавандаро сифат ё хосиятҳо ташкил диҳад, он гоҳ ин гуна таърифро таърифи атрибутивӣ меноманд. Масалан, сифат – чизест, ки ба чиз худ ба худ мутааллиқ аст. Хосият бошад, зоҳиршавии сифат дар натиҷаи таъсири мутақобила ба ашёи дигар аст. Масалан, дар металлҳо мавҷуд будани электронҳои озод – сифати онҳост. Қобилияти барқгузаронии металлҳо хосияти онҳост ва дар натиҷаи таъсири мутақобилаи сифати мазкур бо майдони барқӣ зоҳир мешавад.
Таърифи генетикӣ (ирсӣ). Дар таърифҳои генетикӣ, тавассути нишонаҳои фаслсоз тарзи пайдоиш ва ташаккули чизи таърифшаванда муқаррар мешавад. Таърифи мазкурро ҳанўз Арасту баён карда буд.

пешина
аз 262
навбатӣ