Мантиқ

Мазмуни мантиқии мафҳум гуфта, чунин мазмунро меноманд, ки аз худи мафҳум маълум аст, яъне он маълумоте, ки аз шакли мантиқии мафҳум бармеояд.
Мазмуни воқеӣ гуфта чунин мазмуни мафҳумро дар назар доранд, ки дар он тамоми донишҳои доир ба ашёи таъмимшуда ва нишонаҳое, ки аз рўи онҳо ашё таъмим мешаванд ва ғайра ба ҳисоб гирифта мешавад.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки мазмуни мантиқӣ ва воқеии як мафҳум аз якдигар метавонанд фарқ кунанд.
Ҳаҷми мафҳум – ин маҷмўи ашёест, ки дар мафҳум ҷудо шуда, таъмим мешаванд. Бо ибораи дигар, ҳаҷми мафҳум гуфта маҷмўи чунин ашёеро меноманд, ки нишонаҳои онҳо мазмуни мафҳумро ташкил медиҳанд.
Ҳаҷми мафҳуми xA(x) бо ёрии формулаи зерин ифода мешавад:
WxA(x). Ифодаи мазкур ин тавр хонда мешавад: «маҷмўи чунин х-ҳо, ки барои онҳо А аз х аст». Дар намуди умумӣ ҳаҷми мафҳум ин тавр ишора мешавад:
Wx1,x2,…xn A(x1,x2,…xn)
Формулаи мазкурро бояд ин тавр хонд: «маҷмўи n- то ашёе, ки байни худ дар муносибати А мебошанд». Табиист, ки ҳаҷми мантиқӣ аз ҳаҷми воқеии мафҳум бояд фарқ шавад.
Ҳаҷми мантиқӣ – аз маҷмўи ашё, ки ҷамъи нишонаҳои онҳо мазмуни мантиқии мафҳумро ташкил медиҳанд, иборат аст.
Ҳаҷми воқеӣ – аз маҷмўи ашё, ки ҷамъи нишонаҳои онҳо мазмуни воқеии мафҳумро ташкил медиҳанд, иборат аст. Шайъе, ки аз онҳо гурўҳ, яъне ҳаҷми мафҳум ташкил меёбад, унсурҳои ҳаҷми мафҳум номида мешаванд. Унсурҳои ҳаҷми мафҳуми «инсон»-ро одамони алоҳида ташкил мекунанд. Зергурўҳҳои ҳаҷми мафҳумро ҷузъи ҳаҷм меноманд.
Ҳаҷми мафҳумро бо ёрии доираи аз нуқтаҳо пур тасвир менамоянд, ки ҳар як нуқтаи доира ягон унсури ҳаҷми мафҳумро ишора мекунад. Масалан, ҳаҷми мафҳуми «инсон»- ро тавассути доираи А ва Суқротро бо а тасвир кардан мумкин аст.
А …….
….… .а ………
Дар байни мазмун ва ҳаҷми мафҳум робитаи узвӣ мавҷуд аст, зеро
баробари тағйири мазмуни мафҳум ҳаҷми он тағйир меёбад. Робитаи байни
мазмун ва ҳаҷми мафҳумро тавассути қонуни мантиқии акси муносибат
байни мазмун ва ҳаҷми мафҳум ошкор менамоянд. Қонуни мазкурро чунин баён кардан мумкин аст: агар ҳаҷми мафҳуми А қисми ҳаҷми мафҳуми В бошад, он гоҳ мазмуни мафҳуми В қисми мазмуни А-ро ташкил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё