Мантиқ

- Муайян намоед, ки кадом аз ифодаҳо аз ҷиҳати маъно гуногун буда, аз ҷиҳати қимат якхелаанд; а) Файласуфи Юнони Қадим; б) Арасту; в) Шогирди Афлотун; г) Муаллими Искандари Македонӣ; д) Афлотун.
БОБИ IV. МАФҲУМ.
Мафҳумҳои асосӣ: мафҳум, мазмуни мафҳум, ҳаҷми мафҳум, навъҳои мафҳум: фардӣ, куллӣ, холӣ, мусбат, манфӣ, ҷомеъ, ғайриҷомеъ, абстрактӣ (таҷридӣ), конкретӣ,(мушаххас), муносибати байни мафҳумҳо: баробарҳаҷм (айният), тобеъ, чилликӣ, тобеияти якҷоя, муқобил, зидд (тазод) амалҳо бо мафҳумҳо; таъмим (умумиятдиҳӣ), маҳдудкунӣ, таъриф, тақсим, тасниф.
§1. Мафҳум чун навъи махсуси фикр.
Шакли мантиқии мафҳум.
Мафҳум аз навъҳои фикр аст. Азбаски фикр инъикоси ашё ва зуҳуроти олами моддист, мафҳум низ инъикоси ашёву зуҳуроти олами моддӣ мебошад. Одатан, ҳангоми ташаккули мафҳумҳо гурўҳи ашё дар асоси нишонаҳои муайян ҷудо мешаванд. Дар кадом вақт гуфтан мумкин аст, ки инсон доир ба гурўҳи муайяни ашё мафҳум дорад?
Ҷавоб: «Ҳамон вақт, ки вай силсилаи нишонаҳои барои гурўҳи мазкур умумиро номбар карда тавонад ва ин нишонаҳо ба ашёи бегона хос набошанд».
Мисоли мафҳумҳо:
а) Амал ё беамал, ки барои ҷомеа хатарнок буда, қонунан собит шудааст.
б) Шакли ҳамвори росткунҷаи геометрӣ, ки бо тарафҳои бо ҳам баробар маҳдуд гардидааст.
в) Ташкилоти сиёсии синфӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмроне, ки барои тазъиқ додани муқобилияти синфҳои мазлум нигаронида шуда, тартиботи мавҷударо муҳофизат менамояд.
Акнун таърифи мафҳумро медиҳем.
Мафҳум фикрест, ки дар вай ашё аз рўи маҷмўӣ нишонаҳо ҷудо шуда, ба ҳамин васила таъмим мегардад. Нишонаҳои мазкур барои гурўҳи ашё умумӣ буда, онҳоро аз ашёи дигар маҳз аз рўи ҳамин нишонаҳо фарқ кардан мумкин аст.
Дар ин ҷо калимаи «ашё» дар маънои васеъ истифода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё