Мантиқ

- Хатогии муҳокимаи зеринро ошкор намоед: Зарур аст, ки шаш аз ҳафт хурд бошад, Миқдори материкҳо ба шаш баробар аст. Пас, зарур аст, ки миқдори материкҳо аз ҳафт кам бошад.
- Нишон диҳед, ки истилоҳи мазкур кадом функсияҳоро ифода намудаанд (тарзи навиштани шакли умумиашонро нишон дода, соҳаи муайянӣ, соҳаи қимат, навъ ва чандҷоягии онро баён кунед):
а) sin, б) калон, в) адади содда, г) - (конъюнксия), д) синну сол, у) тўҳфа мекунад, ё) ┐ (инкор), к) ҳайвони хунгарм, з) падар. - Муайян кунед, ки дар ифодаҳои поёнӣ, истилоҳи «пойтахт» аломати кадом функсия мебошад:
а) Душанбе –пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон; б) Пойтахти Англия – шаҳри қадим аст. - Ифодаҳои мазкур ва истилоҳи онҳо ба кадом категорияҳои семантиқӣ мансубанд:
а) Пойтахти Украина ҷанубтар аз Москав воқеъ гардидааст; б) Агар адад бо 5 ё 0 тамом шавад ва суммаи рақамҳои вай ба 3 тақсим шавад, пас адади мазкур ба 5 тақсим мешавад, вале ба 6 тақсим намешавад; в) Квадрати ададе, ки сода ва ҷуфт аст, ба 4 баробар мебошад; г) Ҳар як модар сулҳро мехоҳад; д) Модари кайҳонаварди нахустин; е) Ҳар як моддаи бўлурин дар ҳарорати муайян гудохта мешавад. - Гуфторҳои мазкур таввассути забони мантиқи хабарҳо (предикатҳо) ифода шавад:
а) Агар ҳамаи моеъҳо чандир ва об моеъ бошад, пас об моддаи чандир аст; б) Баъзе метафизикҳо материалистанд, лекин баъзе материалистон метафизик намебошанд; в) Аҳолии Душанбе аз аҳолии Қўрғонтеппа зиёд мебошад.
г) Ё ҳар кас ягон каси дигарро дўст медорад ва ҳеҷ кас ҳамаро дўст намедорад ё, ки касе ҳамаро дўст медорад ва ким – кӣ ҳеҷ касро дўст намедорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё