Мантиқ

Ҳеҷ як R – S нест.
2. Ҳамаи Р - Q аст.
Ҳеҷ як R - S нест Ҳеҷ ғайри– Р - S нест.
Ҳеҷ як R- S нест.
Дар схемаи мазкур ба ҷои калимаи «пас» хатти горизонталӣ омадааст.
Пас, муҳокимаҳои зикршуда, бо вуҷуди он, ки мазмунан гуногунанд, умумияте доранд. Ингуна умумиятро шакли мантиқӣ меноманд.
Ҳангоми муайян намудани шакли мантиқӣ чунин маълумот ба назар гирифта мешавад, ки истилоҳи дескриптивии бо ҳарф ивазшуда ба кадом категорияи семантикӣ дохил аст. Аз ҳамин сабаб, ҳангоми тартиб додани забони мантиқи предикатҳо барои ифода намудани категориияҳои гуногун аз аломатҳои гуногун истифода мебаранд.
§ 4. Забони мантиқи предикатҳо
Дар мантиқи муосир якчанд забони махсуси сунъӣ баррасӣ шудааст, ки барои тасвир кардани қонунҳои вай истифода бурда мешаванд. Аз байни онҳо бештар забони мантиқи предикатҳо кор фармуда мешавад ва ифодаҳои он аниқу возеҳ буда, ба духурагӣ роҳ намедиҳад. Забони мазкур имконият медиҳад, ки дурустии муҳокимарониҳо санҷида шавад ва барои ҳаллу фасли як қатор масъалаҳо, тавассути «ҳисоб» кўмак расонад.
Мисли забони табиӣ дар ин забон алифбо ва ифодаҳои мураккаб ҷой дорад.
Алифбои забони мантиқи хабарҳо (предикатҳо)-ро аломатҳои зерин ташкил медиҳанд:
a) p,q,r,s, p1,q1,r1,,… тағйирёбандаҳои пропозитсионалӣ (аломатҳои гуфтор); б) ד, ,V,→ истилоҳоти мантиқӣ, ки ин тавр хонда мешаванд:
«нодуруст, ки» («на»), «ва», «ё» «агар, он гоҳ…»; в) a, b, c, d, a1,b1, c1, d1 доимиҳои ашёӣ (аломатҳо барои номҳо фардӣ); г) x, y, z, x1, y1, z1 … тағйирёбандаҳои ашёӣ (тағйирёбардандаҳои фардӣ);
KKKKKKK K
д) P,Q,R,S,P1,Q1,R1,S1,… рамзҳои предикаторҳои к-ҷоя; е) - истилоҳоти мантиқӣ, ки мувофиқан квантори умумӣ ва квантори вуҷудӣ номида мешавад. ∀ - ин тавр хонда мешавад: «ҳамаи», «ҳар як», «кулли», «ҳеҷ як»; ∃ -ро чунин мехонанд: «баъзе», «як зумра», «як қатор», «вуҷуд дорад», «мавҷуд аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё