Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

«Нуқтаи А дар байни нуқтаҳои В ва С ҷойгир шудааст».
Пай бурдан душвор нест, ки ин гуфторҳо муносибатҳои гуногунро ифода мекунанд.
Дар мантиқи муосир, баъзан хосиятро аз муносибат фарқ намекунанд.
Барои он ки хосиятро ба гурўҳи муносибатҳо нисбат дода, онҳоро муносибати (предикатори) дорои як ҷой ё як қимат низ меноманд. Худи муносибат бошад, бисёрҷоя (ду ҷоя, се ҷоя ва ҳоказо) таъбир мешавад. Аз ин рў, хосиятро чун муносибати дорои як ҷой ё як қимат таҳқиқ кардан мумкин аст. Масалан, муносибати «аз … калонтар аст» дорои ду ҷой мебошад, зеро барои ҳосил намудани гуфтори ҳақ ё дурўғ вайро нисбат ба ду чиз татбиқ кардан лозим аст. Муносибати «чизе дар байни чизҳои дигар ҷойгир аст»
дорои се ҷой ё қимат мебошад, зеро барои ҳосил намудани гуфтори ҳақ ё дурўғ вайро нисбат ба се чиз татбиқ кардан лозим аст.
Нишона гуфта, вуҷуд доштан ё надоштани ин ё он хосият ё муносибатро нисбат ба ягон ашё меноманд. Масалан, дар гуфтори «Ин қалам сурх аст» нисбат ба қалам хос будани ранги сурх тасдиқ гардидааст. Ибораи «сурх аст» - аломати нишона буда, калимаи «сурх» аломати хосият аст. Дар гуфтори «Душанбе аз Хуҷанд калонтар аст» калимаи «калонтар» - аломати нишонаи ҷуфти шаҳрҳо (Душанбе ва Хуҷанд) аст. Мазмуни гуфтори мазкурро дигар хел ҳам ифода кардан мумкин аст: «Душанбе калонтар аст аз Хуҷанд». Дар ин ҷо «калонтар аст аз» (ё «калонтар») – аломати нишона буда, «калонтар аз» - аломати муносибат аст. Баъзан номҳои умумиро аз аломатҳои хосият ва муносибат фарқ кардан ниҳоят душвор аст. Масалан, калимаи «сурх» - ро берун аз ҷумлаи дахлдор, бо тарзҳои гуногун таъбир намудан мумкин мебошад, зеро вай метавонад хосиятро ифода намояд ё ки метавонад номи умумӣ бошад. Одатан, номи умумии чизҳои сурхро бо калимаи «сурх»
ифода мекунанд.
Ҳангоми тартиб додани мантиқи предикатҳо хосиятҳо мисли номҳои умумӣ таъбир мешаванд. Муносибатҳои n-ҷоя бошанд, мисли номҳои умумии n-то ашё маънидод мешаванд. Номҳои умумиро дар маънои мазкур, предикаторҳо меноманд.
Аломатҳои функсионалӣ – калима ё аломатҳои махсусанд, ки функсияи ашёиро ифода мекунанд.
Функсия гуфта, чунин вобастагии байни ашёро меноманд, ки тавассути он барои объект (як ё якчанд ашё) объекти дигари муайян мувофиқ гузошта мешавад. Ашёи гурўҳи якумро соҳаи муайяни функсия меноманд.
Ашёи гурўҳи дуюм, соҳаи қимати функсия номида мешавад.
Одатан дар мантиқ ду навъи функсия истифода мешавад: ашёӣ ва мантиқӣ. Функсияҳое, ки қиматҳояшонро ашё ташкил медиҳанд, функсияҳои ашёӣ меноманд.

пешина
аз 262
навбатӣ