Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Аксаран, ба назари кас чунин менамояд, ки принсипи мазкур зоҳиран соддаю фаҳмо аст. Лекин, агар мо амиқтар фикр кунем дигар хел будани масъала ошкор мегардад. Мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки дар онҳо зиддияти принсипи мазкур мушоҳида мешавад. Масалан, гуфтори зеринро мисол меорем: «Ба қавли Батлимус (Птолемей) Офтоб дар гирди Замин давр мезанад». Бояд таъкид кард, ки гарчанде гуфтори «Офтоб дар гирди Замин давр мезанад» дурўғ бошад ҳам, лекин гуфтори «Ба қавли Батлимус Офтоб дар гирди Замин давр мезанад» ҳақ аст. Акнун, агар номи «Офтоб»-ро бо номи дигар яъне «ҷисми марказии низоми Офтоб» (ҳарчанд дуи онҳо дорои як қиматанд) иваз намоем, гуфтори «Ба қавли Батлимус ҷисми марказии низоми Офтоб дар гирди Замин давр мезанад» ҳосил мешавад, ки вай дурўғ аст.
Чунин номувофиқиро нисбат ба принсипи ивази ҳамдигарӣ кардан, антиномия ё хориқаи муносибати номгузорӣ меноманд.
Барои риояи қоидаи принсипи ҳамдигарро ивазнамоӣ ва ба антиномияҳо роҳ надодан бояд ду тарзи истифодаи номҳоро аз якдигар фарқ кард.
Якум, вақте, ки ном як ё якчанд ашёро ифода мекунад. Дуюм ашёе, ки бо номҳо ифода шудаанд ва мувофиқи нуқтаи назари муайян таҳқиқ мешаванд.
Агар ном дар маънои дуюм истифода шавад, онро тавассути номи дигаре, ки айнан ҳамон қиматро дорад, иваз кардан мумкин аст. Ин амал ҳамон вақт ҷоиз аст, ки агар номи ашё мувофиқи ҳамин нуқтаи назар таҳқиқ шавад.
Гузориши мазкурро ҳамин тавр амалӣ кардан мумкин аст. Барои ин зарур аст, ки агар Батлимус ба ҳисоб гирифта бошад, ки қимати номҳои «Офтоб»
ва «ҷисми марказии системаи Офтоб» якхела бошад, онгоҳ қимати гуфтори «Ба қавли Батлимус Офтоб дар гирди Замин давр мезанад» дурўғ мебуд.
Ҳамин тариқ, гуфторе, ки дар натиҷаи гузориш ҳосил мешавад: «Ба қавли Батлимус ҷисми марказии системаи Офтоб дар гирди Замин давр мезанад»
низ дурўғ мебуд.

§ 3. Категорияҳои семантиқии ифодаҳои забонӣ

Ифодаҳои забонӣ вобаста ба объекти ифодакунандаашон ба гурўҳҳо ҷудо мешаванд. Гурўҳҳои мазкурро категорияҳои семантикӣ меноманд.
Категорияҳои семантикии ифодаҳои забон инҳоянд:

  1. Ҷумлаҳо (гуфтор); 2. Ҷузъи ҷумла, ки дар он нақши мустақилро мебозад (истилоҳҳо).
    Истилоҳҳо, дар навбати худ, ба истилоҳҳои дескриптивӣ (истилоҳе, ки дорои қимат мебошад, яъне ягон чизро ифода кардааст) ва истилоҳҳои мантиқӣ (истилоҳе, ки дорои қимат нестанд, яъне ягон чизро ифода намекунанд) тақсим мешаванд.
пешина
аз 262
навбатӣ