Мантиқ

Бинобар ин, дар чунин марҳилаи инкишофи тафаккури мантиқӣ, майли мутахассисони соҳа бештар ба таҳқиқи ҷиҳатҳои равоншиносию фардии мантиқ нигаронида шуда буд.
Дуюм, мантиқи кўҳна, ҳамчун мантиқи комилан шаклӣ ба танқиди сахт дучор шуда, таъкид гардид, ки вай аз замони Арасту то ҳол заррае ҳам инкишоф накардааст (албатта, онҳо аз мероси арзандаи мутафаккирони асрмиёнагии форсу тоҷик дар соҳаи мантиқ бехабар буданд). Бо вуҷуди он, танқиди мазкур боиси раҳо ёфтани нуқтаи назар ва усулҳои нави таҳқиқ дар мантиқ гардид. Яке аз комёбиҳои муҳимтарини мантиқ, ба он дохил шудани усулҳхтои нав – усулҳои диалектикӣ мебошад, ки онро Гегель (1770-1831) эҷод кардааст. Минбаъд усули диалектикӣ дар асарҳои мантиқшиносон ва файласуфони маркистӣ инкишоф ёфта, ҳангоми таҳлили ҷараёни дониш ҳамчун қисми таркибии назарияи маърифат хизмат кардааст.
Сеюм, ақидае пайдо шуд, ки мувофиқи он мантиқ низ аз рўи сохт ба риёзиёт шабоҳат дорад. Чунин ақида ба Лейбнис (1646-1716) тааллуқ дошт, ки ў бори нахуст зарурияти дар қолаби ҳисоб ифода намудани шаклҳои мантиқро ба миён гузоштааст.
Дар ибтидои амалӣ гардонидани нақшаи Лейбнис ба Ҷ. Бул (1815-1864) муяссар гардид, ки мантиқро дар намуди сохти алгебравӣ (алгебраи булӣ) тасвир намояд. Маълум шуд, ки ҷараёни муҳокимарониро низ ба мисли сохти алгебравӣ таҳқиқ кардан мумкин аст. Баёни муносибати гуфтор бошад, мисли муносибати оддитарини алгебравӣ, тавассути амалҳои элементарӣ сурат гирифт. Минбаъд, ба мақсади таҳқиқи қонуну қоидаҳои мантиқ мафҳумҳое истифода мешуданд, ки ба фаслҳои илми риёзӣ (назарияи маҷмўъ, топология, назарияи эҳтимолӣ ва ғайра) мансубанд.
Усулҳои нави таҳлили мантиқиро ғайри назардошти чунин усулҳои махсус ба мисли формализатсия ва аксиоматизатсия тасаввур кардан душвор буд.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки ба усулҳои формализатсияю аксиоматизатсия Арасту, Ибни Сино ва Насируддини Тўсӣ барин мантиқшиносони бузург ибтидо гузоштанд. Масалан, онҳо ҳангоми таҳқиқи қиёс (силлогизмҳо) бори нахуст тағйирёбандаҳоро истифода бурдаанд. Худи қиёс бошад, яке аз шаклҳои номукаммали низоми аксиоматикӣ ба шумор меравад.
Дарки сабаби низоми дедуктивии Арасту аз мантиқшиносони оянда заҳмати зиёдеро талаб кардааст. Собит шудааст, ки мантиқи муосир маҳз ба туфайли усулҳои дедуксия, формализатсия ва аксиоматизатсия вуҷуд дошта метавонад. Идеяҳои алгебраи мантиқ дар асарҳои мантиқшиносон - У.С.
Ҷевонс (1835-1882), А.М. Морган (1806-1871), Ч. С. Пирс (1889-1914), Э. Шр ёдер (1841- 1902), Г.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё