Мантиқ

Ба ақидаи ў, манфиатҳои синфи коргар бошанд, ба талаботи зарурати объективии инкишофи ҷомеа мувофиқанд. Лекин ин маънои онро надорад, ки гўё ҳар гуна меъёрҳои синфи коргар, ҳама вақт, ба талаботи зарурати объективии инкишофи ҷомеа мувофиқ бошад.
Меъёрҳое, ки ба талаботи зарурати объективӣ дар як марҳилаи инкишофи ҷомеа мувофиқанд, мумкин аст, ки дар марҳилаи дигари икишоф ба он мувофиқ наоянд. Зеро онҳо метавонанд, ки барои инкишофи минбаъдаи ҷомеа халал расонанд. Ғайр аз он, ба назар гирифтан лозим аст, ки зарурати объективии инкишофи чомеа ва дониши мо дар бораи ин зарурат як чиз нест. Бо мурури замон дониши мо дар бораи зарурат боз ҳам амиқтар мешавад ва чунин вазъият боиси тағйир додани меъёрҳои амалкунанда мешавад.
Ба ҳамин тариқ, аз як ҷиҳат инкишофи ҷомеа ва аз ҷиҳати дигар амиқтар шудани дониши мо дар бораи зарурати объективии инкишофи ҷомеа такмили меъёрҳои мавҷударо тақозо менамоянд.
Байни мафҳумҳои меъёрии «ҳатман» (Ҳ), «манъ» (М) «иҷозат» (И) вобастагиҳои зерин вуҷуд доранд:
- ҲА~┐И┐А
- ИА~┐Ҳ┐А
- ҲА~М┐А.
- МА~┐ИА;
- МА~Ҳ┐А
- ИА~┐МА
Ифодаҳои мазкур ин тавр хонда мешванд:
- "Ҳатман А» ҳаммаъно аст ба «Иҷозат нест, ки ғайри – А бошад»; 2. «Иҷозат ҳаст, ки А» ҳаммаъно аст ба «Ҳатми нест, ки ғайри – А бошад»; 3. «Ҳатман А» ҳаммаъно аст ба «Манъ аст, ки ғайр-А бошад», 4. «Манъ аст, ки А» ҳаммаъно аст ба «Иҷозати нест, ки А бошад»; 5. «Манъ аст, ки А» ҳаммаъно аст ба «Ҳатман ғайри А аст»; 6. «Иҷозат ҳаст, ки А бошад» ҳаммаъно аст ба «Манъ нест, ки А бошад».
Машқу мисолҳо доир ба мавзўи ҳукмҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё