Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар бораи баъзе меъёрҳо гуфтан мумкин аст, ки онҳо «сурати воқеият» мебошанд. Албатта, агар мо дар зери мафҳуми «воқеият» низоми қувваҳои синфиро дар ҷамъият дар назар дошта бошем. Инро дар бораи баъзе меъёрҳои дигар гуфтан мумкин нест, зеро як қатор меъёрҳое ҳастанд, ки онҳо ба кодексҳои амалкунандаи давлатҳои сохти иҷтимоияшон гуногун дохиланд. Бинобар ин, аз рўӣ меъёрҳои гурўҳи якўм, то андозае муқарар намудан мумкин аст, ки сохти иҷтимоии мавҷуда чӣ гуна аст ва меъёрҳо манфиати киро ҳимоя мекунанд. Меъёрҳои гурўҳи дуюм имконият намедиҳанд, ки сохти иҷтимоии давлат ва барои манфиати кӣ хизмат кардани онҳо муайян гардад. Лекин гуфтаҳои боло чунин маъно надоранд, ки гўё меъёрҳои гурўҳи якум ҳақ буда, меъёрҳои гурўҳи дуюм дурўғ бошанд. Дар ҳақиқат, агар мо аз рўи он ки меъёрҳо манфиати гурўҳи муайяни ҷамъиятро ифода менамоянд, нигоҳ кунем, онгоҳ равшан аст, ки гурўҳи дуюми меъёрҳо маъқултаранд.
Агар меъёр ба талаботи зарурати объективии инкишофи ҷомеа мувофиқ набошад, пас вай «сурати воқеият» шуда наметавонад. Маҳз аз рўи мувофиқ омадани меъёрҳо ба талаботи ҳаёти ҷомеа хулосаҳои нормативӣ (меъёрӣ) бароварда мешаванд, ки онҳо дар мантиқи меъёрҳо нақши гуфтори ҳақро мебозанд.
Аз ин рў, ҳангоми мувофиқ омадани меъёрҳо ба талаботи зарурати объективии инкишофи ҷомеа онҳоро нисбат бо норматив ҳақ ҳисобида, дар ҳолати баръакс, дурўғ шуморидан мумкин аст.
Дар байни меъёрҳое, ки ба талаботи зарурати объективии инкишофи ҷомеа мувофиқанд ё мувофиқ нестанд умумияте вуҷуд дорад. Зеро вобаста бо қонуниятҳои объективии инкишофи ҷомеа, ки дар марҳилаи муайяни инкишоф мебошад, барои ба мақсадҳои худ ноил гаштан боз ба пеш ҳаракт мекунад. Дар чунин мавридҳо, баъзе амалиёт метавонад, ки барои инкишофи ҷомеа ёрӣ расонад, баъзеи дигарашон бошад, халал мерасонанд.
Меъёрҳое, ки барои иҷрои амалиётҳои навъи якум равона шудааст, ба талаботи зарурати объективии инкишофи ҷомеа мувофиқ мебошад. Ин гуна меъёрҳоро - нормативан, ҳақ меноманд. Меъёрҳое, ки иҷрои амалиёти навъи дуюмро, ҳатмӣ мегардонанд, ба талаботи зарурати объективии инкишофи ҷомеа мувофиқ нестанд. Ин гуна меъёрҳоро – нормативан дурўг меноманд.
Масалан, мувофиқи таълимоти К. Маркс, марҳилаҳои муайяни инкишоф манфиатҳои асосии буржуазия метавонанд ба зарурати объективии инкишофи ҷамъият зид бошанд. Бинобар ин, меъёрҳои буржуазӣ ба талаботи зарурати объективии инкишофи ҷомеа, на ҳама вақт мувофиқат мекунад.

пешина
аз 262
навбатӣ